Таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг семинари омӯзишӣ доир гардид

13 июни соли 2024 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг -Сатториён М.А. семинари омӯзишӣ бо иштироки ҳайати ҳакамони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии озмун тасдиқ шудааст, доир гардид.

Зимни баргузори ҷаласаи таъкид гардид, ки озмун бояд шаффоф ва воқеъбинона, бо назаргирии истеъдоду ҳунари довталабони ҷавон баҳогузорӣ шавад, зеро ҳадафи асосии озмун маҳз дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон мебошад. Ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ бояд аз ҷониби ҳайати ҳакамон тамоми талаботҳои Низомнома риоя гарданд.

Ҳамчунин ба раёсату шуъбаҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ ҷамъбаст гардидани даври дуюми озмун, аз ҷумла таъмини иштироки довталабон, омодасози толорҳои баргузории озмун, фароҳам овардани шароити мусоид ба ҳайати ҳакамон ва пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои зарурӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *