Вазир бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ мулоқот намуданд.

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманди Вазири фарҳанг — Сатториён Матлубахон Амонзода бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия М.Швидкой баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ гардида, баргузории як қатор чорабиниҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг пешниҳод ва масъалагузорӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *