ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Сешанбе

20 Августи 2019

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Намоиши аксҳо бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон

18 декабри соли 2017 дар Осорхонаи вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши аксҳои Шуҳрат Ёров бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон  ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият баргузор гардид.

Дар намоиш зиёда аз 100 акс ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ намояндаи Ҷамъияти дӯстию равобити фарҳангии хориҷӣ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти эҷодии аккос Шӯҳрат Ёров изҳори назар кард. «Ин намоиш дар кишварҳои бисёр, аз ҷумла дар Покистон, Кувайт, Салтанати Уммон, Исроил, Олмон, Беларус, Русия ва ғайра сурат гирифтааст ва ба воситаи он тамошобинон бо табиати зебову нотакрор, урфу одат, фарҳанги ғанӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон шинос шудаанд», - гуфт Латофат Шарипова.

Сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳон Раҷаб иброз дошт, ки санъати суратгирӣ дар замони муосир рушд ёфта истодааст ва он ҳаёти гузашта ва имрӯзаи моро инъикос ва муаррифӣ мекунад. «Ман умед дорам, ки пайравони санъати аксбардорӣ дар кишвари мо зиёд мешаванд» ,- иброз дошт Бурҳон Раҷаб.

Ҳаводорони санъати аккосӣ метавонанд то санаи 22 декабри соли равон аз намоишгоҳи мазкур дидан намоянд. 

:20.12.2017 10:22:00