ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Сешанбе

20 Августи 2019

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Дидорбинии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова

19 декабри соли 2017 намояндагон ва собиқадорони соҳаи фарҳанг бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба дидорбинӣ ва табрики Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова рафтанд.

Мушаррафа Қосимова, ки ба синни мубораки 100 қадам ниҳодааст, аз дидори дӯстону ҳамкасбон ва шогирдонаш хеле хурсанд гардид. «Ташаккур, ки маро ёд кардед, сарам ба осмон расид. Ташрифи шумо барои ман нерӯи нав мебахшад», - изҳор дошт ӯ.

Мушаррафа Қосимоваро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова,  сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, директорони театрҳои пойтахт ва дигарон бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва хушбахтии аҳли хонаводаро таманно намуданд.

«Тамоми кормандони театри кишвар шуморо устод ва модари худ медонанд», - иброз дошт Вазири фарҳанг ва илова намуд, ки аҳли театри тоҷик бо Мушаррафа Қосимова ифтихор мекунанд.

Фотима Ғуломова аз солҳои аввали фаъолияташ дар театр ёдовар шуда, нақл кард, ки Мушаррафа Қосимова дар ҳаёт модари дуввуми ӯ аст. «Модари ман дар театр Мушаррафа-ойтӣ ҳастанд, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯхтаанд. Мушаррафа-ойтӣ ҳамеша беҳтарин маслиҳатгар, дӯст ва устоди ман ҳастанд. Ман хеле хушбахтам, ки аз нақшофариҳои якҷоя дар намоишҳои бешумор ва сафарҳои ҳунарӣ бо ин инсони наҷиб хотироти ғанӣ дорам» - гуфт Фотима Ғуломова.

Мушаррафа Қосимова иброз дошт, ки дар хонаи ӯ ҳамеша фазои театр эҳсос мешавад. «Аз аксҳо ва мусаввараҳои атроф худатон метавонед хулоса бароред, ки ман доимо бо театр ҳастам», - изҳор дошт ӯ.

Мушаррафа Қосимова даст бар дуо кушода, тамоми меҳмонон ва кормандони соҳаи фарҳангро дуои нек гуфт ва рушди фарҳанг ва санъати театриро таманно намуд. 

:20.12.2017 10:10:10