ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Сешанбе

15 Октябри 2019

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Чорабинии хотирмон дар Коллеҷи фарҳанг

Бо мақсади дар руҳияи илму ҳунаромўзӣ тарбия намудани донишҷўён ва бедор кардани шавқу ҳаваси касбазхудкунияшон 14 – декабри соли равон бо иштироки маъмурият ва донишҷўёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи Буйдоқов П. чорабинӣ таҳти унвони «Низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ВАО ва иттилоотонӣ» доир гардид. Чорабиниро донишҷўёни шўъбаи рўзноманигории муассисаи таълимии номбурда бар зима доштанд. Онҳо аз рўи барномаи муайян баромад карда оид ба қонунҳое, ки фаъолияти ВАО – ро ба танзим медарорад ба таври васеъ маълумотҳо ироа намуданд. Инчунин, дар барномаи чорабинӣ қироати шеърҳо, хондани суруду тарона, иҷрои рақсҳои мавзун, саҳначаи тарбиявӣ ҷой дода шуда буд, ки баромадкунандагон бо маҳорату истеъдоди баланд иҷро карданд.

Дар охири чорабинӣ муовини директори Коллеҷи фарҳанг Ҷафаров Ҷафар суханронӣ карда, барои дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабинӣ ба омўзгорони шуъбаи рўзноманигорӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ баҳои баланд доданд.   

:16.12.2017 12:28:41