ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Душанбе

17 Июни 2019

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду китоби энсиклопедӣ муаррифӣ гардид.

 

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии МД «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» маросими муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки дар китоби «Тақсимоти марзиву маъмурӣ» феҳристи алифбоии ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин, ҳамчунин феҳристҳои деҳаҳои ҳамном, номҳои қаблию ҳозираи онҳо ва дар бораи муҳимтарин тағйирот маълумот дода шудааст. Ин китоб таърихи замони истиқлолиятро бо ҳимоят аз фарҳанги суннати миллии номгузории кишвар ва инъикоси маҳали ҷуғрофӣ дар саҳифаҳои таърихи кишвар барои наслҳои оянда мерос хоҳад гузошт.

«Донишномаи фарҳанги мардум» дар асоси «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҷилди аввали китоб соли 2015 ва ҷилди дуюми он имсол ба нашр расид.

Дар китоби мазкур ҳамчун намунаи луғати муфассали фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мардум оид ба суннатҳои гуногун, аз қабили ҷашну маросимҳо, навъҳои хӯрокҳои миллӣ, тибби мардумӣ, либосҳои миллӣ ва нақшу нигорҳо маълумоти возеҳи донишномавӣ дода шудааст.

АМИТ «Ховар»

Сана: 19.12.2017 16:04:23