ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

16 Октябри 2019

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳифзи фазои иттилоотӣ ҳадафи афзалиятноки таъмини амнияти миллии мамлакат мебошад»

Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарони воситаҳои ахбори омма   ва нашриётҳои мамлакат ҷаласа баргузор намуд, ки зимни он масоили марбут ба ҳифзи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз таҳдидҳои муосир ва нақши ВАО дар ташаккули давлатдории миллӣ баррасӣ гардиданд.

«Имрӯз ин яке аз самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти миллӣ мебошад. Фаъолияти босифату боэътимоди воситаҳои ахбори омма, нашриётҳо, низоми алоқа ва дигар сохторҳои дахлдор барои таҳкими имконоти мудофиавии мамлакат, рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иқтиқлолияти кишвар аҳамияти махсус дорад», — иброз дошт А. Раҳмонзода.

Ба гуфтаи ӯ, асри 21-ро барҳақ асри иттилоот ном мебаранд. Технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тақрибан ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон ва ҷомеа таъсир расонданд. Онҳо сифати зиндагии одамонро  ба таври назаррас тағйир дода, ба ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва фазои гуманитарӣ мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, хатарҳо ва таҳдидҳои дар соҳаи иттилоот мавҷудбударо низ  набояд нодида гирифт.

Зикр гардид, ки баъзе қувваҳо ва гурӯҳҳо пайваста кӯшиш менамоянд, ки фазои иттилоотии ҷаҳониро барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодӣ, ғаразнок ва сиёсии худ истифода баранд. Онҳо ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун воситаи ноил шудан ба манфиатҳои худ истифода мекунанд ва дар шабакаи интернет маводҳои террористию экстремистиро ба таври ошкоро паҳн менамоянд.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтамшо Пиров дар бораи корҳои тайи солҳои охир дар самти таъмини амнияти мамлакат дар соҳаи иттилоот анҷомшуда сухан гуфт. Тавре маълум аст, дар чанд соли охир қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи иттилоот» қабул гардиданд. Ҳуҷҷати стратегӣ ва маҷмӯӣ, чун Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Тоҷикистон бо шарикон, аз ҷумла дар доираи СММ, СААД, СҲШ ва ғайра дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

«Дар баробари ин, имрӯз моро зарур аст, ки дар самти амнияти иттилоотӣ чораҳои иловагӣ таҳия ва амалӣ намоем, — гуфт А. Пиров. – Мо наметавонем ба ҳуҷумҳои беасос ва бадхоҳона нисбат ба кишвари мо, ба маводҳои тарғибкунандаи терроризм, экстремизми динӣ ва   кинаю адоват, ки  баъзе сомонаҳои интернетӣ рӯйирост  паҳн менамоянд, вокуниш нишон надиҳем».

Дар ҷаласа доир ба масъалаи мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сармуҳаррири Саридораи илмии Энсклопедияи миллии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» Ҳабибулло Нозирӣ, сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг Давлат Сафар  пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Бо назардошти  ин пешниҳодот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳамаи иштирокдорони ҷаласа тавсия дод, ки дар якҷоягӣ доир ба беҳтарсозии корҳо дар соҳаи ҳифзи амнияти иттилоотии мамлакат маҷмӯи чорабиниҳо таҳия ва амалӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»

Сана: 11.12.2017 14:00:00