ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Фалак

Пажуҳиши фалак дар Тоҷикистон

Яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рушду нумуи фарҳанги миллӣ ва шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои санъати тоҷик мебошад. Ҳар як халқ дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузорӣ намудааст ва халқи тоҷик низ дар ин ҷода нақши сазовор дорад.

Таъсири мутақобилаи фарҳанги тамаддунҳо боиси ба вуҷуд омадани фарҳанги тамаддуни умумибашарӣ гардидааст. Тазаккур бояд дод, ки ягон фарҳанги миллӣ мустақиман ё орӣ аз ҳама гуна таъсири беруна рушду нумуъ карда наметавонад.

Барои ташаккулу такомули он сарчашмаҳои муайяни дохиливу берунӣ мусоидат менамоянд. Барои ҳифз ва мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор додани мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби ЮНЕСКО Конвенсия (2003) қабул шудааст. Мақсади асосии он нигаҳдошт, эҳтиром, ҷалби таваҷҷуҳи мардум ва ҳамкории байналмилалӣ барои мусоидат дар самти хифзи ин мерос буда, самтҳои он муқаррар гардидааст. Инҳо эҷодиёти даҳонакии халқ, санъати иҷрокунандагӣ, анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

Мусиқии мардумӣ ҳамчун фолклори мусиқӣ эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл меояд. Азбаски мусиқии мардумӣ дар ҳамаи форматсияҳои таърихӣ-ҷамъиятӣ (ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ) вуҷуд дошт, онро ҳамчун қисми таркибии эҷодиёти халқ ва решаи санъати мусиқӣ баҳогузорӣ намудан лозим аст. Мусиқии суннатии тоҷик, ки дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро (аз қабили Шашмақом ва Фалак) фаро мегирад, таърихи хеле қадима дорад.

Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст. Мо ба он ҳамчун ба жанр назар андӯхта, аз рӯи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти носозгори умрро дарк менамоем.

Танҳо хусусиятҳои шеваҳои иҷроии маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матнҳои сурудҳо вобаста ба хусусиятҳои фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд. Дар Шашмақом матни сурудаҳо дар қолаби забони адабии китобӣ ифода шудаанд.

Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон бошад фалак бо номҳои «фарёд», «фироқӣ», «чорпорӣ», «каллафарёд» машҳур аст.

Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷроиш маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ ва маҳаллу тарзи иҷроиш ҷудо шаванд, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷроиш табақабандӣ шудааст.

Дар ҳақиқат то солҳои 20 – уми садаи ХХ фалак дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд менамуд. Аз ин рӯ, дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо мушоҳида мешавад. Дар даврони Шӯравӣ бошад, бо баста шудани марзҳо ва канда шудани равобитҳо, жанри фалак дар ин кишварҳо роҳи мустақилонаро пеш гирифтанд.

Дар давраи шӯравӣ пажуҳиши ин жанри беҳамтои ҳунари суннатӣ кам сурат мегирифт ва муносибат нисбати арзишҳои мардумӣ низ ба қадри кофӣ набуд. Зеро тадқиқотҳои илмии он давра нисбати фарҳанги мардумӣ норавшан буда, ҷои онро тарғиби фарҳанги сиёсӣ, ба истилоҳ «фарҳанги советӣ» гирифта буд.

Истиқлолият ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақому Фалак арҷгузорӣ намуд. Дар ин ҷода пажуҳиши онҳоро низ яке аз масъалаи муҳимтарини илмҳои санъатшиносии муосир маҳсуб донист. Айни ҳол, таваҷҷуҳ ба Фалак чун намунаи ҳунари волои мардумӣ афзудааст.

Имрӯз тозатарин пажуҳиши даврони истиқлол оид ба фалак асари илмии доктори илмҳои мусиқашиносӣ Фароғат Азизӣ («Маком и фалак как явление профессионального традиционного музыкального творчества таджиков» (Душанбе 2009) мебошад. Ф. Азизӣ чун олими нуқтасанҷ, асари якканигошти худро ба ду зуҳуроти бузурги мусиқии суннатӣ: мақом ва фалак бахшидааст. Асари мазкур пажуҳиши хеле васеъро дар боби муносибат ва мақому манзалати Фалаку Шашмақом дар бар мегирад.

Муҳаққиқ ба Шашмақом чун намунаи мусиқии эҷодию анъанавии миллӣ таваҷҷуҳ намуда, онро ҳамчун қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон қаламдод менамояд. Фалак бошад, аз назари Ф.Азизӣ зуҳуроти олии мусиқии суннатӣ ва эҷодии мардуми куҳистон буда, «мақому манзалати фалак дар мусиқии тоҷикони куҳистон баробар ба аҳамияти мақом дар ҳаёти мусиқии тоҷикони водинишин мебошад».

Хусусиятҳои шеваҳои иҷроии маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасад ва матни онҳо вобаста ба хусусиятҳои фонотекии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд. Ҳамчунин, Ф.Азизӣ дар эҷодиёти даҳонакии халқҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон хусусиятҳои фалакро ошкор месозад ва ҳатто ин хусусиятҳоро дар эҷодиёти мардуми курд пайдо мекунад.

Композитори зиндаёд Талабхуҷа Сатторов решаҳои Фалак ва пайдоиши онро аз анъанаҳои аҷдодии қадимаи мо, аз замони Зардушт ва ватани онро Осиёи Миёна медонад. Т. Сатторов наътро ҳам яке аз равияҳои фалак номида, тарзҳои иҷрои онро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон, ҳамчун як намуди ташаккулёфтаи ин жанри суннатӣ меҳисобад. Баъзе хусусиятҳои фалакро Т. Сатторов дар тасаввуф ва ҷараёнҳои он ҷустуҷӯ менамояд. Ба андешаи ӯ умумият дар байни фалак ва яке аз суннатҳои тасаввуф - «Самоъ» аст.

«Самоъ» дар тасаввуф ҳолати шавқу завқи суфиёнро ҳангоми хондани суруд зикр мегӯянд, ки пайваста ба суруду мусиқӣ ва рақс сурат мегирад. Самоъ воситаи муҳимтарини ба ваҷд овардан ва бехуд намудани суфиён мебошад. Ҳар дуи онҳо ҳам дорои силсилаи муайян мебошанд.

Намуди дигари фалакро мухаққиқ Тоҷигул Исроилова дар мақолаи худ «Нақши занон дар рушди анъаноти иҷроию эҷодии Фалак» ба риштаи пажуҳиш кашидааст. Ӯ кӯшидааст, ки мақоми занонро дар рушду такомули фалак нишон дода, дар навбати худ фалаки занонаро аз фалаки мардона аз ҷиҳати мавзуъ ҷудо намояд: «Агар дар фалаки мардҳо бештар мавзуи фалсафию ишқӣ, сӯзу гудози ошиқи ноком, ҷудоӣ, ғарибӣ ба назар расад, фалаки занон зиндагии вазнин, сахтию нокомии занон, эътироз аз замона, орзуи бахти фарзандон таҷассум ёфтаанд». Дар мавриди «фалаки даштӣ», яъне таҳдия (таҳи деҳа) аз нигоҳи занон қайд намудааст, ки «аз дил нидо мебарояд, нидои дил. Яъне дил, ки аз ғам пур шуд, мехоҳӣ онро аз дил барорӣ».

Инсоният дар ҳолати оҷизӣ маҷбур мешавад, ки гиреҳҳои зиндагии пурандуҳи худро боз кушояд ва онро чун алам аз дили худ берун намуда, сӯи Фалак – яъне ба Худо муроҷиат намояд. Ҳамин гуна вазъи носозгори қисмат боиси ба вуҷуд омадани рубоиҳои нав мегардад.

Бисёр ҳунармандон кӯшиш доранд, ки ба оҳанги фалак, ба ҷои рубоиётҳои халқӣ матнҳо аз ғазалу рубоиҳои шоирони классикӣ ворид намоянд. Ин анъана метавонад ба он оварда расонад, ки дар оянда «Фалак» мукаммалтар ва касбитар шавад.

Ҳунарманди шинохта Давлатманд Холов намуди дигари фалак – «фалаки бунгак»-ро, ки дар ҳолати лабҳои пӯшида сароида мешавад, нишон додааст. Ин намуди фалак ба андешаи овозхони маъруф «бениҳоят аламнок, бо сӯзу гудоз иҷро карда мешавад». Ҳамчунин ӯ меафзояд, ки «фалаки бунгакӣ яке аз нахустин ифодаи ин жанр аст, яъне шакли қадимтарини фалак аст ва дар пайдоиш ва ташаккули дигар намудҳои фалак нақши муассир дорад». Ин намуди фалак ба тариқи димоғ иҷро мешавад. Гоҳо онро «фалаки димоғӣ» низ мегӯянд. Тавре, ки Д. Холов иброз медорад: «Усулан фалак яктост. Он тақсимнашаванда аст ва рукнҳои фалак дар мусиқии мардуми олам мушоҳида мешавад. Дар куҳистони тоҷик рукнҳои зиёди онро ба монанди фалаки даштӣ, фалаки куҳӣ, фалаки роғӣ, фалаки шод, фалаки шикаста, фалаки сарбаста, фалаки паррон, фалаки омехта, фалаки яклухт, фалаки якпардагӣ ном мегиранд. Барои адворбандӣ ё нотабандии фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд». Эшон меафзояд, ки 18 ишораи рамзии фалакро кашф кардааст, ки ин ишорот бояд аз тарафи Конуни байналмилалии мусиқашиносон қабул гардад.

Оҳангсози маъруф Хайрулло Абдуллоев бошад, дар мақолаи худ «Андешаҳо оид ба фалак» доир ба истилоҳҳои фалак навиштааст: «Фалаки озодро, ки солҳои охир «фалаки даштӣ» меноманд, ба фикри ман нодуруст аст. Истилоҳи «даштӣ» дар мусиқии Эрон истифода мешавад. Шояд дар Эрон ин калима мувофиқат кунад, вале дар Тоҷикистони мо, ки саросар куҳсор аст, чунин истилоҳ мувофиқат намекунад. Ба ҷои «даштӣ» калимаи «озод» ва ё «шаҳдӣ» истифода шавад, шояд дурустар аст».

Ҳунарманди дигар Дона Бахромов дар мақолаи худ «Фалак» - «фалакӣ» ном намуди дигарро ном гирифта, хусусияти фарқкунандаро дар он мебинад, ки «он як навъ мақомест, ки лаҳни аз хусравонӣ ба сурудаҳои қадимаи бадахшонӣ ва суғдию хоразмӣ мебошад».

Дар китоби мутриби шинохта Қурбони Қурбониён «Фалак ва системаи лаҳнии он» роҷеъ ба номгузории пардаҳои фалак маълумот дода, оид ба нақши дутор, думбра ва зинабандии он дар рушди анъаноти иҷрои фалак ва системаи лаҳнӣ ибрози ақида намудааст. Аз назари Қурбониён номгӯи лаҳнҳо чунинанд: фироқ, нола, ҳиҷрон, фарёд, фиғон, роз ва чарх.

Бояд тазаккур дод, ки дар масъалаи тартиб додани истилоҳот ҳар кас назари худро баён месозад. Лек ин ақидаҳо аксаран бо ягон санад ва далел тасдиқи худро наёфтаанд ва ин мавзӯи баҳсталаб аст. Аз ҷониби дигар ин нишонаи рушд ва ба як зинаи нави тараққиёт расидани ин ҳунари мардумӣ, ҳамчун инъикосгари ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеа мебошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри нодири мусиқии суннатӣ, эҳё ва нигоҳдошти арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат менамояд.

Хуршед Низомов 
Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон