ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

24 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво



Варақаҳои иттилоотӣ

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
оид ба фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2017

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои сол фаъолияташро дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни мамлакат таҳия гардидаанд, инчунин дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ равона намуда, дар давраи ҳисоботӣ ба натиҷаҳои муайян ноил гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти вазорат дар тамоми самтҳои амалӣ намудани сиёсати фарҳангӣ густариш ёфта, дар рушди фарҳангу санъат, инкишофи табъу нашр ва ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихӣ корҳои мушаххас иҷро гардиданд. Айни ҳол дар системаи Вазорати фарҳанг 1354 китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (аз ҷумла 79 китобхонаи бачагона), 332 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 415 клуб, 48 клуби сайёр, 14 марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияҳои халқӣ, 62 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 театри ҳалқӣ, 54 осорхона, 11 хона-осорхона, 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 7 ансамбли фалаксароӣ, 6 ансамбли эстрадӣ, 10 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 12 ансамбли рақсӣ ва 2 телевизиони маҳаллӣ, 18 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 95 муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб-интернати миёнаи махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриявӣ, 84 мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ фаъолият доранд.
Тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 367 рӯзнома (107 адад давлатӣ ва 260 адад ғайридавлатӣ), 239 маҷалла (110 адад давлатӣ ва 129 адад ғайридавлатӣ), 312 матбаа (36 адад давлатӣ ва 276 адад ғайридавлатӣ), 45 адад нуқтаи фурӯши китоб (3 адад давлатӣ ва 42 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 адад оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма” фаъолият менамоянд.
Ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — 2020 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 1278 бостонӣ, 441 таърихӣ-монументалӣ, 300 ёдгориҳои меъморӣ, 220 шаҳру шаҳракҳои қадима, 83 конҳои қадима, 70 қалъаҳо, 110 мақбара ва масоҷиди таърихӣ, 43 катибаҳои рӯисангӣ, 15 тасвирҳои рӯисангӣ, 654 адад макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида дохил шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри таҳкими аслияти миллии Шашмақому Фалак шароити мусоид муҳайё намуда, санадҳои доир ба асосҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-эҷодии мусиқии суннатии тоҷик дар ин зимн тарҳрезишуда, минбаъд дар системаи таълимии махсуси мусиқӣ ва иловагии бадеии кишвар заминаи асосии раҳнамоиро ташкил хоҳад дод.
Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Маркази байналмилалии иттилоотӣ-шабакавӣ оид ба мероси ғайримоддии фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором — (ICHCAP — ҷузви ЮНЕСКО) лоиҳаи нави сесолаи ҳамкорӣ байни ICHCAP ва Тоҷикистонро вобаста ба беҳтар гардонидани муаррифии мероси ғайримоддии фарҳангӣ оғоз намуда, бинобар расман ворид гардидани номинатсияи «Оши палов — ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ, дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва ширкати «Лик АБАТ-Тоҷикистон», ширкати ғизорасон (катеринг)-и «Нури дида» дар толори намоишгоҳи «АБАТ-Тоҷикистон» намоиши ҳунари ошпазҳои варзидаи Тоҷикистонро баргузор намуд.
Муассисаҳои театрию консертӣ фаъолияташонро ба талаби даврон мутобиқ гардонда, барои баргузории ҷашнҳои Артиши миллӣ, Иди Модарон, Рӯзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Душанбе, Рӯзи Шашмақом, Соли ҷавонон ва дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуданд.
Ба ифтихори Соли ҷавонон субҳи 23 майи соли 2017 дар майдони назди Парчами миллӣ Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Насли Истиқлол» бо иштироки зиёда аз 5 ҳазор ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни макотиби олӣ, кормандони вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои пойтахт баргузор гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шоу-барномаи фарҳангӣ зери унвони “Базми ҷавонӣ” бо ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод бо шукуҳу шаҳомати хоса бо фарогирии мавзӯъ ва мундариҷаи тозаву рангин доир гардид, ки Пешвои Миллат ба он баҳои сазовор доданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз моҳи май барномаҳои фарҳангӣ таҳия ва дар рӯзҳои истироҳативу ҷашнӣ пешниҳоди шаҳрвандону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидаанд.
Рӯзи 27 июни соли 2017 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои театрию консертӣ бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Ваҳдату Истиқлол ҷалб гардиданд, ки дар он 26 ҳазор тамошобин ва қариб тамоми ҳунармандони касбӣ ширкат доштанд.

Дар маҷмӯъ дар шаш моҳи соли 2017 дар театрҳои касбии кишвар 30 асари нав саҳнавӣ гардида, 15 намоиш дар театрҳои пойтахт ва 15 намоиш дар театрҳои музофотӣ рӯи саҳна оварда шуданд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 тибқи нақшаи фаъолият ва нишондодҳои «Самту вазифаҳои афзалиятноки рушди соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар соли 2017» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар», Фестивали ҷумҳуриявии «Бозори ҳунар», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва Фестивали ансамблҳои оилавӣ «Дунёи саодат» дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ бо фарогирии тамоми манотиқи кишвар доир гардиданд.
Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 111623(29-3) аз 26.04.2017) оид ба ташкил намудани Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷ Вазорати фарҳанг дар ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикдипсервис”- и назди Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 20 майи соли 2017 дар “Боғи Ирам”- и пойтахт фестивали мазкурро доир намуд, ки дар он аз тарафи сафоратҳо ва ташкилотҳои байналхалқии муқими шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пухту паз, намоиш ва ба фурӯш гузошта шуд.
Аз моҳи май то имрӯз 72 маротиба рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе – боғҳои “Ирам”, “Рӯдакӣ”, “Парчами давлатӣ”, МД “Амфитеатр”,, “Дӯстӣ” ва Майдони 800 солагии Москва бахшида ба “Соли ҷавонон” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши дастовардҳои вазорату идораҳо бо иштироки адибон, ҳунармандони муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ барномаҳои консертиро пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.
Дар оғози сол панҷ нафар ҳунармандони мардумӣ- бофандаи адрасу атлас, устои наққош, созҳои мусиқӣ, бофанда ва сангтарош дар Фестивали байналмилалии мероси фарҳангии “Зоҳид” дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб аз 1 декабри соли 2016 то 20 январи соли 2017 ширкат варзида, дар Фестивали “Рӯзҳои фарҳангии Шарҷа” дар шаҳри Шарҷаи давлати Аморати Муттаҳидаи Араб аз 1 то 20 апрели соли равон бо иштироки панҷ нафар ҳунармандони ҳунарҳои бадеии халқӣ ва бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон 5 нафар ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Фестивал-намоиши байналмилалии «Сураҷкунд Мелла» дар шаҳри Фаридабади Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 31.01.2017 то 17.02.2017 иштирок намуда, ба намоиши ҳунарҳои волои мардумӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди таҳияи Феҳристи фонди осорхонавӣ, бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликияташон сурат гирифта, осорхонаҳои мамлакат ҷиҳати ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, барқарорсозӣ, омӯзишу таҳқиқ ва ҳифзу нигоҳдории намунаҳои нодиртарини мероси таърихию фарҳангӣ табирҳо андешида, тавассути баргузории силсилаи чорабиниҳо ҷиҳати манзури ҷомеа намудани арзишҳои таърихию фарҳангӣ саҳми муносиб гузоштанд.
Ба бунёди боғҳо эътибори ҷиддӣ дода шуда, алҳол дар ҷумҳурӣ 61 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият намуда, ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва истироҳатгоҳи сокинони мамлакат табдил ёфтаанд.
Дар иртибот ба дархости Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа вобаста ба такмили номинатсияи «Чакан» ҷиҳати ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳуҷҷатнигорӣ пурра анҷом дода шуда, ҳуҷҷатҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба Комиссияи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баҳри пешниҳод барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ирсол гардид.
Айни замон, пешбурди ҳуҷҷатнигорӣ (инвентаризатсия), корҳои тадқиқотӣ ва омӯзиши илмии ёдгориҳои арзишманд ҷиҳати пешниҳод ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонӣ идома дошта, дар иртибот ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик пешниҳод гардид.

Дар ин муддат, муассисаҳои нашриявии вазорат дар маҷмуъ 20 номгӯй, ба теъдоди 446000 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавиро аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва гардиши дохилӣ ба табъ расониданд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа ва такомули касбияти кормандони педагогӣ ва эҷодии муассисаҳои таълимӣ, рақобатпазирӣ ва ҷолибияти инвеститсионии таҳсилоти соҳа «Барномаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардид.
Айни ҳол, дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъати Федератсияи Россия 154 нафар шаҳрвандон аз рӯи 27 тахассусҳои соҳавӣ таҳсили худро тибқи бурсия пеш бурда истодаанд.
Муассисаҳои таълимии соҳа дар иртибот ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» лексияю суҳбатҳо, вохӯрию конференсияҳоро дар мавзӯъҳои «Ҷавонон терроризмро маҳкум мекунанд», «Ҷавонон — зидди СПИД», инчунин дарсҳои тарбиявиро дар мавзуъҳои «Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ғамхори ҷавонон», «Ҷавонон — қувваи пешбарандаи ҷомеа», «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор намуда, рӯзи 23 майи соли ҷорӣ дар шоу-барномаи фарҳангӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир гардид, ширкат намуданд.
Моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Бозиҳои XII-уми Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид. Боиси сарфарозист, ки 16 ҳунарманди ҷавони тоҷик аз рӯи 5 бахш дар равияҳои академӣ, анъанавӣ, санъати иҷрокунандагӣ ва санъати тасвирӣ ҳунарнамоӣ намуда, Идибек Тошев — хонандаи мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев дар бахши «Созҳои миллӣ» ғолиби Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва соҳиби медали тилло гардид.
Рӯзҳои 15-17 майи соли ҷорӣ ба розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Фестивали байналилалии мусиқӣ таҳти унвони «Садои дилрабои Арғунун» доир гардид, ки дар он арғунуннавозон аз кишварҳои Олмон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар сатҳи шоиста доир карда шуданд. Дар айни замон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд.
Ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Кормандони вазорат барои дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнии раёсати мазкур, суҳбат-машварат доир намуданд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағи мазкур, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ҷиҳати ба анҷом расонидани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод — 1,0 млн. сомонӣ, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Варзоб — 500 ҳазор сомонӣ, оғози сохтмонҳои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав — 600 ҳазор сомонӣ, Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ — 240 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда — 60 ҳазор сомонӣ равона мегардад.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯз, ҷашни Ваҳдати Миллӣ ва Иди Рамазон ба собиқадорони соҳа ба маблағи умумии 7808,0 сомонӣ, ба кормандони дастгоҳи марказӣ ва шахсони камбизоат ба маблағи 6423,0 сомонӣ кӯмакҳо расонида шуд.