ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Ҷумъа

15 Декабри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Зебоӣ– наҷотбахши ҳаёт

Рӯзи 2 декабри соли 2017 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии  2700-солагии шаҳри Кӯлоб ба ифтихори «Соли ҷавонон» намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Зебоӣ– наҷотбахши ҳаёт» ифтитоҳ гардид.

Намоишро ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ифтитоҳ намуда, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Абдулло Ҳабибулло, муовини директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафар Иброҳимзода, намоянда аз Ҳукумати шаҳри Кӯлоб Насриддинзода, рассомон Мизроб Холов ва Исуфҷон Сангов, инчунин директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии  2700-солагии шаҳри Кӯлоб баромад намуданд.

Дар намоиш мусаввараҳои рассомон аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ, корҳои ороишӣ – амалии устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ,  аз ҷумла Рассоми Халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Савзалӣ Шарипов, Рассоми Халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор  Исуфҷон Сангов, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакаров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшо Довутов, муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Каримҷон Наҷмиддинов, рассом – кулолгар Бахтиёр Одинаев, рассом – мусаввир Наргис Ҳамидова, рассомони ҷавони умедбахш Беҳрӯз Забиров, Равшан Рӯзибоев, Эраҷ Олимов, Фируза Ҳамитова, Лайло Қурбонова, Меҳриддини Абдусаид ва Саодат Боронова, инчунин наққошиҳои(кундал) Маҳмадкарим Рақибов, асарҳои кандакории Саид Маҳмудов ва Азиз Гадоев, маҳсулоти заргарии усто Абдураҳмон Назирматов ба тамошобинон пешкаш шуданд.

Дар баробари устодони варзида маҳсули дастони донишҷӯён ба монанди мусаввараҳо, кандакорӣ, наққошӣ, гобелен (бофандагӣ) ва лоиҳаҳои дизайнерӣ пешниҳод гардиданд.

Бояд қайд намоем, ки соли 2017 хатми аввалини ин даргоҳи ҳунар баргузор гардид. Аз ин ру, аввалин корҳои дипломии хатмкунандагони мазкур низ ба намоиш гузошта шуданд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Рассоми Халқии Тоҷикистон Исуфҷон Сангов  ба Осорхонаи мазкур 8 асари санъати тасвирӣ­ ва китоби феҳристи корҳои эҷодии худро тақдим намуданд.

Дар фарҷом  барои меҳмонон намоиши тамсилаҳои либос, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси «Дизайни костюм», таҳти роҳбарии мудири кафедра – тарроҳи шинохта Маргарита Сотникова тарҳрезӣ ва дӯхта шудаанд, пешниҳод гардид.

Инчунин, ҳайати сафарӣ ҳангоми бозгашт аз  ёдгории таърихии асрҳои IX-XI Ҳулбук дидан карданд.

Намоиши мазкур то санаи 9 декабри соли 2017 идома меёбад.

«Зебоӣ – наҷотбахши ҳаёт»

:05.12.2017 11:51:27