ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

24 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Даъват барои иштирок дар озмуни байналхалқии рекламаи иҷтимоӣ

Оҷонсии иттилоотии байналхалқии «Россия сегодня» хоҳишмандонро барои иштирок дар озмуни байналхалқии рекламаи иҷтимоӣ «Импулс» даъват менамояд.

Озмуни мазкур се сол инҷониб дар ҳудуди Федератсияи Россия баргузор мегардид. Инак, дар соли чорум озмун ба худ хислати байналхалқӣ касб намуд. Дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ аз кишварҳои ИДМ, инчунин аз Тоҷикистон низ иштирок карда метавонанд.

Мақсади баргузории чорабинӣ рушди рекламаи иҷтимоӣ ҳамчун воситаи таъсирноки баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон бо риояи меъёрҳои ахлоқ ва манфиати ҷомеа мебошад.

Бахшҳои озмун ин беҳтарин рекламаи видеоӣ, беҳтарин рекламаи аудиоӣ, беҳтарин рекламаи сомонавӣ, беҳтарин плакат, беҳтарин рекламаи беруна, беҳтарин буклет, беҳтарин маъракаи таблиғотӣ ва ғайра мебошанд. Маводҳо бояд бо забони русӣ ё дорои субтитри русӣ бошанд.

Хоҳишмандон бояд то санаи 18 сентябри соли 2017 аризаи дархостии худро ба воситаи сомонаи konkurs-impulse.ru фиристанд. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба рақами телефонии +7 495 645 66 01 занг задан ё ба суроғаи электронии impulse@rian.ru мактуб ирсол намудан мумкин аст.

:12.09.2017 13:42:41