ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Дар ПИТФИ бахшида ба Иҷлосияи XVI конфронс баргузор гардид

14 ноябри соли 2017 дар Пажўҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот конфронси илмӣ-амалии «Нақши сарнавиштсози Иҷлосияи XVIдар бунёди давлатдории навини миллӣ» баргузор гардид.

Конфронс ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он адибон ва олимони соҳаҳои гуногун иштирок доштанд.

Чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти тақдирсози Иҷлосияи XVI сухан ронд.

Сипас олимону адибон дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла «Нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳувияти миллӣ», «Иҷлосияи сарнавиштсоз ва бозтоби он дар матбуоти даврӣ», «Инъикоси ғояҳои Иҷлосияи сарнавиштсоз дар осори олимони тоҷик», «Эмомалӣ Раҳмон ва бунёди давлатдории навини миллӣ» баромад намуда, музокира оростанд.

Дар доираи конфронс инчунин намоиши китобҳо бахшида ба Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

:14.11.2017 11:32:13