ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Рӯзи Президент рамзи эҳтиром, эътиқод ва сипосгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат мебошад

Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва  маҳбубияти  хоссае  мебошад, ки дар ин рӯз  сипосгузорӣ  намудан  ба  хизматҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  шахсияти сулҳофару бобаракат боиси дастгирист.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар  Тоҷикистони азизи мо   ҷашнҳои  гуногун  ва  барномаҳои   фарҳангию  сиёсӣ  бо  рамзу анъана ва суннатҳои  миллӣ  хеле зиёд  муаррифӣ  мегарданд  ва  мардум онҳоро  бо  шодию сурур ва  ифтихормандиҳо   истиқбол мегиранд. Дар баробари самимияту  эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Рӯзи  Президент, ки  дар тамоми қаламрави  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,  ин  чорабинии  сиёсӣ  боз   иқдоми накӯест, ки  барои  қадршиносӣ ва  заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва  вориси тоҷикони ҷаҳон   муҳимияти  хосса дорад.

Маълум аст, ки  дар демократияи  низоми президентӣ тақсимоти ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор ва иҷроия ба таври равшан ба назар мерасад. Аломати асосии фарқкунандаи чунин  низом  он аст, ки  Президент дар он шахсияти номиналии дорои ваколатҳои маҳдуд нест, балки вай сарвари ҳукумат аст. Яъне,  Президент сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия аст ва аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ  интихоб мешавад. Аз ин рӯ,  мо   Рӯзи Президентро  бо самимияту  эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ  ҳамчун  рӯзи  адолату  демократикунонии ҷомеа   пешвоз гирифта, тамоми  дастовардҳои  замони идоракунии президентиро  ба  истиқлолияти  давлатӣ ва   иқдомҳои  неки  Президенти  кишвар  вобаста медонем.

Хизматҳои  шоёни  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар   раванди тағйироти  нави  бунёдкориву  созандагӣ,  аз ҷумла,  бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору  ғанӣ гардонидани  ифтихори  миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Президенти кишвар дар иншои   асарҳои  гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва  зиндаву  ҷовид  гардонидани   чеҳраҳои мондагори   илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат  ва сарнавишти  мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида,  бо  пешниҳоду   ташаббусҳои байналмилалӣ  дар сатҳи  ҷаҳонӣ  мақоми  хосса дорад, ки ин маҳбубият  на танҳо  боиси боварию  эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори  тамоми  тоҷикони  ҷаҳон аст.

Бинобар ин   мардуми Тоҷикистон  Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ  ва рамзи  эҳтирому эътиқод  эътироф  намуда, маҳбубияту  шукргузории   хешро дар ин рӯз  ба  Президенти кишвар ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистон самимона   изҳор  менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки хусусияти беҳамтои инсон аз соири мавҷудоти зинда аз он иборат аст, ки ӯ ҳамеша бо мурури қонеъсозии талаботаш андешаи шукргузор буданро аз саодати рӯзгору зиндагии имрӯзааш ба хотири боз ҳам беҳтар шудани ҳаёти ояндааш фаромӯш намекунад. Маҳз ҳамин сифат ӯро дар маърази эҳтироми инсонҳо ва наслҳои гуногун  қарор медиҳад ва барояш дар ҷодаи бунёди  зиндагии фаровону саодатмандона мувафаққиятҳо ба бор меорад.

Насле, ки аз чунин эҳсосоту тафаккур бенасиб аст ё аз касби он канораҷӯӣ  мекунад, тӯли таърих ҳамеша бо шикасту дастнигарӣ рӯ ба рӯ мегардад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша сазовори шукр ва  эҳсон аст, ки  ба  абармардону фарзандони бо ору номусаш, ки  қобилияти маърифатии  хеле баланд доранд, бояд  таҳсину  шукрона  хонд.  

Абдураҳмон МУҲАММАД,

профессор

АМИТ «Ховар»

 

 

Сана: 14.11.2017 14:00:00