ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Ҷумъа

15 Декабри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Парчами Тоҷикистон дар баробари забону фарҳанг ва нишону суруди миллӣ рукни муқаддас аст

«Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёдутамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳими фарҳангидавлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ  Раҳмон

Парчам яке аз нишонаҳои пурифтихору ҳувиятсози миллат мебошад. Парчамро дар баробари забону фарҳанг, нишону суруди миллӣ муқаддас медонанд. Аз давраҳои қадим то ба имрўз парчам ба ҳайси  як нишона ва аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хидмат кардааст. Дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҷуғрофиё, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва халқ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.

Парчами Тоҷикистон аз се ранг- сурх, сафед ва сабз иборат аст, ки ҳар яки он рамзи худро дорад.

Ранги сурх- рамзи шодӣ, рамзи ҷавонию қудрат ба шумор меравад. Масалан, ранги парчами Иттиҳоди Шўравӣ  пурра сурх буд, ки он ифодагари қудрату тавоноӣ  маҳсуб мешуд. Дар мобайни парчами мо ранги сафед ҷой дорад. Ранги сафед – рамзи сулҳу амният, осоиштагӣ  ва покӣ  аст, яъне кишвари мо, давлати мо, миллати мо, ҳамеша тарафдори сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ  мебошанд.  Ранги сабз, ки дар поёни парчам мақом дорад, ишора аз сарзамини сабзу хуррами мост.  Он рамзи ободиву халлоқият ва сарсабзиву нумўи миллатро ифода мекунад.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» номзади илми филология, муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ  Дилшод Раҳимов оид ба моҳияти рангҳои парчами миллӣ андешаҳояшро чунин баён намуд:

«Дар парчами миллии мо, бавижа дар рангҳои он рамзу асроре нуҳуфтаанд, ки то ба имрўз муҳаққиқон камтар ба онҳо таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, се ранге, ки дар парчами кишвари мо мавҷуданд, инҳо ифодакунандаи се марҳилаи таърихии фарҳангу дину эътиқоди ниёгони мо мебошанд. Ранги сурх ишораи рамзӣ  ба замони ориёиҳо аст, яъне аз қадим ориёиҳо ойини митроизм ё бо номи дигар – меҳрпарастӣ  доштанд. Митро ё Меҳр дар тасаввуроти ориёиҳо худои фурўғу рўшноӣ  ва эзади нурҳои офтоб буд, ки рангаш тиллоиву сурх аст. Агар мо ба устураҳои қадими ориёиҳо ва навиштаҳои «Авесто» таваҷҷуҳ кунем, ин мазмун дар он ҷо хеле хуб инъикос ёфтааст».

Ҳамчунин ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҷашни Меҳргон низ марбути ин ойин буда, дар тирамоҳ асту ҳамаи табиат рангҳои сурху заррин доранд. Дар ҷашни Меҳргон подшоҳон ва дигар аъёну ашроф ҷомаҳои сурх мепўшиданд. Дар ойини дигари митроӣ  Шаби Ялдо ба дастархони маросимӣ  анор ва тарбузи сурх мегузоштанд. Ин сурхигузориҳо аз он ҷо маншаъ мегиранд, ки вақте офтоб тулӯъ мекунад, аз шафақи он ранги осмон сурхчатоб мегардад. Ҳамин тариқ, ранги сурх ба ойинҳои меҳрпарастӣ  марбут мебошад, ки то ба имрўз унсурҳо ва бозмондаҳои он дар фарҳанги мардуми тоҷик ба назар мерасанд.

«Ранги сафедро дар ороиши хона, дар вақти ҷашни арўсӣ, дар иҷрои баъзе расмҳо истифода менамуданд. То ба имрўз бисёр суннатҳое дар фарҳанги мардуми тоҷик дорем, ки аз сафедписандии мардум дарак медиҳанд. Чунончи, дар арафаи ҷашни Наврўз девори хонаҳоро сафед кардан, рўи суфраи наврўзӣ  ниҳодани хўрокҳои сафедранг, аз ҷумла, хўрокҳое, ки аз шир ва ё биринҷ таҳия мешаванд, гузоштани паниру ҷурғоту саршир ва ғайра. Дар деҳоти Бадахшон одате мондааст, ки дар Наврўз ба хонаҳои якдигар меҳмон мешаванд ва соҳибхона ба китфи меҳмон орди сафед мепошад. Дар ҷашни арўсӣ  арўс пироҳани сафед дорад, дар маросимҳои азодорӣ  бонувон рўймоли сафед ва куртаҳои сафедчатоби бегул мепўшанд ва ғайра»,- афзуд Дилшод Раҳимов.

Бояд гуфт, ки ранги сафед дар фарҳанги мардуми мо мақоми хосса дорад ва барои ҳамин ҳам ин ранг дар парчами мо ҷойгоҳи худро ёфтааст.

Дар ҷои сеюми парчами мо ранги сабз ҷойгир шудааст. Ранги сабз ба маънои кулл рамзи сабзиши гиёҳон, нашъунамо, хуррамӣ  ва фаровонӣ  ба шумор меравад.

Ба гуфтаи мавсуф, дар давраҳои қадим, тибқи асотири бостон, Сиёвуш эзади олами гиёҳон будааст, ки дар тирамоҳ мефавтад ва дар баҳор дубора зинда мешавад. Яъне баробари он растаниҳое, ки барг мекушоянду сабз мешаванд, Сиёвуш дубора, гўё ранги сабз гирифта, ба дунё бармегардад.  Дар устураҳои ориёӣ, ки дар «Авесто» инъикос ёфтаанд, нахустин ҷуфти башар – Машийа ва Машйона дар шакли  буттаи ревоҷ ё ревос (чукрӣ) аз замин рўидаанд, яъне дар қолаби бутта рўидаанд ва сипас сурати инсонӣ гирифтаанд. Ранги сабзро инчунин дар «Авесто» ранги Аҳурамаздо медонистанд. Инчунин гиёҳи муқаддаси ҳаум ва испанд низ аз қадим дар фарҳанги мардуми эронитабор ҷойгоҳи мумтоз доштаанд.

Ҳамин тариқ ранги сабз дар фарҳанги мо хеле мавқеи муҳим дорад. Он чун рамзи сарсабзиву хуррамӣ  аз давраҳои қадимтарин ҳамқадами ниёгони мардуми тоҷик будааст. Ранги сабз рамзи кишоварзию деҳқонӣ  ба шумор рафта, далели он аст, ки ниёгони тоҷикон аз даврони қадим мардумони муқимӣ  ва зироаткору боғдор будаанд. Ҳоло кишвари мо ҳам саросар сабз аст.

«Дар маркази Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷро мебинем, ки ба худ ҳикмату маънии фаровон дорад. Тоҷи заррин ишора ба соҳибтамаддун будани  мардуми тоҷик мебошад.  Ин рамз собит месозад, ки аҷдоди тоҷикон шаҳрнишин буданд, шаҳрсоз буданд, ободгар буданд ва то имрўз  паи ин корҳоянд»,-иброз дошт  муҳаққиқ дар идомаи суҳбат.

Бояд зикр намуд, ки андешаҳо оид ба рамзҳои парчами мо хеле амиқу пурҳикмат ва таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии мо мебошанд.

Орзу дорем, ки дар мусобиқоту маъракаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ  Парчами Тоҷикистон ҳамчун нишонаи пирўзӣ  ва сарафрозӣ  беш аз пеш ва пайваста афрохта шавад.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Сана: 23.11.2017 15:00:00