ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Идҳои Сада ва Меҳргон дар Тоҷикистон ба таври расмӣ таҷлил мегарданд

Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки тибқи он дар Тоҷикистон 15 октябр Иди  Меҳргон-Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ  ва 30 январ Иди Сада ба таври расмӣ таҷлил мегарданд. Масъалаи мазкур 23 октябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Насриддинзода, раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар ҷаласаи Шӯро гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷашн гирифтани «Иди Сада» ва «Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ» мебошад.

Ҳамзамон тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  рӯзҳои ид» минбаъд 26 октябр дар Тоҷикистон «Рӯзи судҳо» ҷашн гирифта мешавад, зеро тибқи Қарори иҷлосияи собиқ Президиуми Комитети Иҷроияи Марказии  Шӯрои  РСС  Тоҷикистон аз 26 октябри соли 1929  Суди Олии РСС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Сана: 24.10.2017 10:00:00