ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Шанбе

18 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

ФИЛАРМОНИЯ ТАРҲУ СИМОИ НАВ ГИРИФТ

Имрӯзҳо корҳои таъмиру таҷдид дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев идома дошта, дохили толори асосӣ пурра бо нармкурсиҳои нав ва дигар лавозимоти ихтисосӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Гулгашт, роҳравҳо ва атрофи бино аз нав сохта шуда, тозакориву кабудизоркунӣ идома дорад.
- Ободонии бинои фарҳангу ҳунар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, корҳои сохтмониро баталони махсуси Вазорати корҳои дохилии кишвар ба зимма гирифтааст. Дар давоми даҳ соли охир бинои Филармонияи давлатӣ таъмири асосиро надида буд. Пешвои миллат бо як иқдоми созандаи хеш ба корҳои бунёдкориву таъмиру таҷдид дар ин муассиса ҳусни оғоз бахшиданд, - изҳор дошт Афзалшо Шодиев, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи Афзалшо Шодиев, ҳоло бино пурра ба системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар назди он чойхонаи миллии «Чашма» ба фаъолият оғоз кардааст.

Ҳунармандони филармония ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷуҳи Сарвари кишвар баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳангу ҳунари тоҷик мекӯшанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ ҳунармандони муассиса ба кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Қувайт, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарӣ ташкил намуда, ба мухлисони хориҷӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ суруду оҳангҳои миллиро муаррифӣ намуданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

Сана: 14.11.2017 16:00:00