ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Ҷумъа

15 Декабри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Ансамбли «Дилнавоз» дар Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Чин дар сатҳи баланди касбӣ ҳунарнамоӣ кард

Шоми 24 ноябр дар Маркази фарҳангии Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин барномаи консертии ансамбли «Дилнавоз»-и шаҳри Хуҷанд ба таври зинда ва дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид. Барномаро саҳнае, ки мониторҳои он бо ангораву нақшу нигори миллии тоҷикӣ ороиш ёфта буд, ҷолибтару рангинтар намуд. Дар ин консерт аз мақомоти давлатии Макао ва корпусҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, ҳамчунин бо назардошти он ки ин кишвар аз нигоҳи сайёҳӣ рушд кардааст,  сайёҳон низ ширкат варзиданд. Ҳунарнамоии ҳунармандони тоҷик аз ҷониби тамошобинон ва созмондиҳандагони фестивал хеле хуб пазируфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 27 ноябр дар минтақаи маъмурии махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин Фестивали байналмилалии мусиқӣ баргузор гардид. Дар ҷашнвора ансамблҳои созҳои миллии Тоҷикистон, Германия, Россия, Муғулистон, Сингапур, Ҳиндустон, Гонконг, Қазоқистон ва кишвари мизбон ширкат намуданд.

Тоҷикистонро дар ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ ансамбли созҳои миллии «Дилнавоз»-и шаҳри Хуҷанд муаррифӣ намуд.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивал 22 ноябр бо барномаи муштараки кишварҳои иштирокчӣ дар майдони Маҷмааи таърихии «Паолои муқаддас» оғоз гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, зимни ин сафар дар Маркази фарҳангии Макао дарси маҳорат бо иштироки ҳайати ҳунарии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳар як сози мусиқии миллии тоҷикӣ ба ширкаткунандагони фестивал муаррифӣ гардид. Ҳамзамон миёни ҳунармандони тоҷик ва иштирокчиён табодули афкор ва таҷриба сурат гирифт, ки ин барои тарғиби мусиқии миллии тоҷик ва сатҳи касбии санъаткорон хеле муфид аст.

27 ноябр Фестивал бо консерти оркестре, ки аз ҳисоби мутрибони кишварҳои иштирокчӣ таъсис ёфта буд, ба анҷом расид.

АМИТ «Ховар»

Сана: 28.11.2017 09:30:00