ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

24 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

«Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон» — барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Душанбе

Шоми дирӯз дар майдони «800-солагии Москва»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон таҳти унвони «Истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд. Дар саҳни майдони «800-солагии Москва» ҳунарҳои дастӣ ва ихтирооти ҷавонони пойтахт ба намоиш гузошта шуда буд.

 Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён истиқлолиятро беназиртарин дастоварди сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, гуфт: «Соли равон халқи тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-умин солгарди истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номус ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва неруи тавонбахши ҳаёт мебошад».

Дар 26 соли истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои пешбурди фаъолият ва некӯаҳволии онҳо мусоидат намуд. Маҳз хизматҳои бесобиқаи ҷавонон дар рушди давлатдории навини Тоҷикистон буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд.

 Зимни барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ зикр гардид, ки «истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷавонон нақши бориз гузошта, тавассути сиёсати давлатии ҷавонон барои тадриҷан фароҳам овадани имкониятҳои онҳо дар шароити марҳилаҳои нави давлатдорӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд чашмрас арзёбӣ мегардад. Мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони кишвар худ гувоҳи дур набудани онҳо аз мадди назари Сарвари давлат мебошад».

Сарояндагон Соҳиб Назриев, Шаҳроми Абӯбакр, Саъдӣ Бӯризод, Шамсиддини Азиз, Лола Азизова ва Зафар Абдуалимов бо сурудҳои дилнишини худ табъи иштирокдоронро болида гардониданд. Илова бар ин аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оид ба тарғиби сарфакорӣ дар оила ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш дода шуданд.

АМИТ «Ховар»

Сана: 08.09.2017 09:30:00