ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Панҷшанбе

19 Октябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навиди фарҳангии хориҷа

«Таронаҳои шарқ» намояндагони 50 кишвари дунёро ҷамъ овард

Аз 25 то 30 августи соли 2017 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон XI-умин фестивали байналхалқии мусиқӣ таҳти унвони «Таронаҳои шарқ» баргузор гардид.

Дар ҷашнвораи мазкур намояндагони 50 кишвари дунё иштирок намуданд.

Дар расми ифтитоҳи ҷашнвора Артисти халқии СССР Ҷўрабек Муродов чун меҳмони фахрӣ иштирок дошт.

Дар доираи фестивал инчунин симпозиуми байналхалқӣ оид ба мусиқӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов дар мавзўи «Рушди санъати бастакории суннатӣ дар Тоҷикистон» баромад намуд.

Шоҳҷоизаи XI-умин фестивали байналхалқии мусиқӣ таҳти унвони «Таронаҳои шарқ»-ро навозандаи моҳири дутор аз Ҷумҳурии Озорбойҷон Соҳиб Пошшозода ба даст овард.

Сана: 08.09.2017 15:30:00