ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

24 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик

Маълумот

оид ба объектҳои мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик

Мутобиқи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», ки дар таърихи 31 майи соли 2012, №263 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, таҳияи Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ оғоз гардидааст.

Соли 2010 нусхаи аввалини Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик тартиб дода шуд. Яке аз шартҳои феҳрист аз он иборат аст, ки он бояд дар ҳар 4 сол як бор таҷдид шавад. Инак соли 2014 нусхаи аввали он таҷдиду такмил шуд. Феҳристи такмилёфта фарогири ҷузъиёти намунаҳои фарҳанги ғайримоддӣ буда, дар бораи касбу ҳунарҳои анъанавӣ, тавсифи объекти фарҳангӣ, маҳалли густариши объекти мазкур, вазъи кунунии он ва паҳлӯҳои дигар маълумот медиҳад.

Феҳристи миллии МФҒ аз бахшҳои зерин иборат мебошад:

Бахши 1. Анъанаи шифоҳӣ – А000. (устные традиции)
Бахши 2. Ҳунарҳои иҷроӣ – B000. (исполнительское искусство)
Бахши 2. Ҷашну маросимҳо – C000. (празднество и обряды)
Бахши 3. Расму одатҳо, таҷрибаҳои иҷтимоӣ – D000. (обычаи, социальная практика)
Бахши 4. Донишҳои суннатӣ дар бораи табиат ва кайҳон – E000. (знание иобычаи относяшиеся к природе и вселенной)
Бахши 5. Касбу ҳунарҳо – F000. (традиционные ремесла)
Бахши 6. Хӯрокҳои миллӣ – G000. (национальные блюда)

Ҳар як намунаи фарҳанги ғайримоддӣ дар Феҳрист мувофиқи бахшҳояш рақамгузорӣ шудааст, чунончи, шумораи афсона “А001” мебошад. Дар идома номи унсур (бо муродифҳояш) зикр шуда, тавсифи мухтасари унсур оварда мешавад. Сипас маҳалли густариш, дар кадом ноҳияву вилоят ва ҳатто деҳаҳо маъмул будани унсури матлуб зикр ёфтаанд. Инчунин вазъи имрӯзаи унсури фарҳангӣ, ки он дар кадом ҳолат қарор дорад: фаъол, нимфаъол, дар ҳолати азбайнравӣ ва ғайра дар Феҳрист ишора шудааст. Феҳрист айни ҳол 286 номгӯйи намунаҳои фарҳанги ғайримоддиро фаро гирифта, дар оянда боз такмилу таҷдид хоҳад ёфт.

ФЕҲРИСТИ МИЛЛИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ФЕҲРИСТИ МИЛЛИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДӢ