ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Якшанбе

24 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Феҳристҳо

Номинатсияи «Оши палав»

Номинатсияи «Наврӯз»

 

"ОШИ ПАЛАВ" ВА "НАВРӮЗ" ДАР ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО РАСМАН САБТ ШУДАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст». Дар ин робита, барои ҳифзу нигоҳдории мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабл аз ҳама, бо қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи ин мерос гузошта шуд. 

Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳумини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд. Ёдовар мешавем, ки намунаи дигари фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик «Шашмақом» ҳанӯз соли 2008 (муштарак бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба ин феҳрист шомил шуд.

Дар таҳия ва тарҷума намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба номинатсияҳои «Оши палав» ва «Наврӯз» саҳми ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории олими шинохтаи тоҷик Дилшод Раҳимов хеле назаррас мебошад. Зери роҳбарии ӯ аз соли 2013 дар пажӯҳишгоҳ гурӯҳи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» фаъолият мекунад. Дар ин гурӯҳ Н. Қличева, А. Аминов ва З. Холмуродов низ шомил буда, дар таҳияи номинатсияҳои мазкур ва «Чакан – санъати гулдӯзии тоҷикон» хидмат кардаанд. 
Бо мақсади таҳияи ҳуҷҷатҳои «Оши палав» ҳайати мазкур ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои водии Ҳисор сафари хидматӣ анҷом дода, бо теъдоди зиёди ошпазҳо ва ҳунармандони халқӣ ҳамсуҳбат ва маводи зиёди эмпирикиро ҷамъоварӣ намуданд. Инчунин, таҷрибаву малакаи ошпазҳои ошхонаву тарабхонаҳои шаҳри Душанберо мавриди омӯзиш қарор доданд. Воқеан, оши палав таъоми на танҳо маҳбуб ва серғизо мебошад, балки он як навъ хӯроки муттаҳидкунандаи мардум буда, ҳамчун таъоми серистеъмоли ҷашну маросимҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аз ҷониби ин гурӯҳ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» тартиб дода шуд, ки он 515 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро дар бар мегирад ва соли ҷорӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ аз чоп баромад. Иловатан аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ 2 шумораи сисилакитоби «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» имсол аз чоп баромад, ки натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносии олимони ин муассисаро дар бар мегиранд. 

Бояд ёдовар шуд, ки масъалаи ҷаҳонишавии «Наврӯз» бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишвари ҳавзаи Наврӯз ҳанӯз соли 2010 ба вуқӯъ пайваст. Дар баробари ин, тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном шуд. Номинатсияи «Наврӯз» бори аввал соли 2009 дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуд, ки он замон Тоҷикистон узви Конвенсияи мазкур набуд. Аммо намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳову таҳияи ҳуҷҷатҳои он ширкат доштанд. Ниҳоят, баъди дархосту талошҳо ЮНЕСКО иҷозат дод, ки кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз ба ин номинатсия пайванд шаванд. Моҳи феврали соли 2015 дар шаҳри Теҳрон семинари мутахассисони фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир гашт, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он ширкат доштанд. Дар давоми 4 рӯз мутахассисон аз 12 кишвар (Афғонистон, Тоҷикистон, Ироқ ва Туркманистон илова шуданд) нусхаи комил ва интиҳоии номинатсияро ба забони англисӣ таҳия карда, намояндаҳои расмӣ онро имзо гузоштанд ва ҳуҷҷатҳо ба ЮНЕСКО фиристода шуданд. Ҳамин тавр, номинатсияи «Наврӯз» ҳамроҳ бо кишварҳои ҳавзаи Наврӯз: Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон дастаҷамъона пешниҳод шуд.

Чорабиниҳои мазкур ва дигар тадбирҳое, ки дар самти омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик амалӣ мегарданд, албатта барои шинохту гиромидошт ва тарғибу муаррифии намунаҳои фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.

Шариф КОМИЛЗОДА,
директори Пажӯҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот