Сомонаи пешина | Чш, 16 Октябр 2019 | 13:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПРЕЗИДЕНТ

15.06.2019, шаҳри Душанбе Муҳтарам ҳамкорон ва роҳбарони ҳайатҳо,Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа, Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои садорати муваффақ ва корҳои анҷомдодашуда дар марҳилаи муҳими рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳори миннатдорӣ намоям. Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар Машварат мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва
17.06.2019 04:37 199

  15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш,
17.06.2019 04:34 195

    04.06.2019, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям. Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву ойинҳои аҷдодии худро
04.06.2019 03:19 186

23.05.2019, ноҳияи Данғара Ҳамдиёрони азиз! Мо имрӯз ба назди шумо, сокинони шарафманди деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара омадем, ки бо натиҷаҳои заҳмати созанда ва дастоварду комёбиҳоятон дар ҷодаи дастгирӣ кардану амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шавем. Деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бисёр бостонии
23.05.2019 10:46 191

  Ҷавонони ғаюру далери кишвар!Фарзандони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, орзуманди саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳоятон ҳастам. Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Имрӯз онҳо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ,
23.05.2019 05:04 159

«Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» 17.05.2019, шаҳри Душанбе Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо! Ҳамаи шумо ва ҳайатҳои ҳамроҳатонро ба диёри офтобии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор
20.05.2019 11:27 166

  09.05.2019, шаҳри Душанбе Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳафтоду чор сол сипарӣ мешавад. Ва имрӯз сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам
10.05.2019 02:21 237

  Ҳозирини гиромӣ! Рӯзи пойтахт ва ифтитоҳи амфитеатри зебову муосирро дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ба кулли сокинони шаҳри Душанбе ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ табрик гуфта, ба меъморону сохтмончиён барои заҳмати софдилонаашон миннатдорӣ баён менамоям. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ва боз ҳам ободу
22.04.2019 03:12 237

  Муҳтарам намояндагони сокинони ноҳияи Спитамен!Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Спитамен ва шумо-ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни баҳор ва сари сол, ки чанд рӯз пеш дар диёри мо фаро расид, табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандиву хонаи обод ва барору комёбӣ орзу менамоям. Тайи ду рӯзи гузашта мо дар шаҳру ноҳияҳои
01.04.2019 06:29 245