Сомонаи пешина | Яш, 16 Июн 2019 | 15:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

 

Модарону бонувон ва духтарони азиз!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат — ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд.

Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, а-зиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.

Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.

Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.

Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд.

Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаи соҳибкорӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибкор илова ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон намудани солҳои 2019–2021 маҳз ба шуғл фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари занону духтарон мебошад.

Бо амалӣ гардонидани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳимми марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.

Дар асоси санадҳои зикршуда як силсила иқдомоти муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак амалӣ гардонида шуданд.

Яке аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст муқаррар намудани квотаи президентӣ мебошад, ки тавассути он то имрӯз ҳазорон нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат муваффақона кору фаъолият доранд.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки падару модарон набояд пеши роҳи таҳсили фарзандонро гиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо таҳсил карда, соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шаванд ва дар зиндагӣ ба мушкилот дучор нагарданд.

Шумо хуб медонед, ки агар бонуи хонадон босавод бошад, метавонад фарзандони худро тарбияи дуруст диҳад, онҳоро солиму бардам ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ба камол расонад, яъне оилаи намунавӣ барпо намояд.

Ҳукумати мамлакат амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамаҷониба таъмин намуда, чунин сиёсатро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Зимнан, хотирнишон месозам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фоизи намояндагии занону бонувон дар мақомоти шохаҳои гуногуни ҳокимият дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Итминон дорам, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлатамон ва фазои орому осудаи кишварамон бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллиамон — “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.

Модарону бонувони муҳтарам!

Моҳи март бо ҷашни шумо оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостонии мо — Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиамон идома меёбад. Ин айём беҳтарин рӯзҳое мебошанд, ки шумо хурсандӣ кунед, либосҳои зебои миллии чакан ва атласу адрасро ба бар карда, онҳоро таблиғ ва оммавӣ гардонед, ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул шавед ва ҳунари кадбонуҳои миллати қадимаву фарҳангиамонро боз ҳам густариш бахшед.

Мо — мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд.

Мо дар асри бисту якум – замони пешрафти илму техника ва дастовардҳои бесобиқаи ақли инсонӣ зиндагӣ дорем. Аз ин лиҳоз, бояд аз эҳсосоти хушунатомез ва тафаккури ақибмондаи хурофотӣ озод бошем, шаъну шараф ва ҳайсияти занону духтаронро эҳтиёт ва эҳтиром кунем, ба онҳо, яъне бонувону духтарон бо назари нек ва бо иззату ҳурмат муносибат намоем.

Мо бояд доим дар ёд дошта бошем, ки парваридаи модари боиффату соҳибмаърифати тоҷик ва намояндаи яке аз миллатҳои куҳанбунёду тамаддунсози дунё мебошем.

Бо истифода аз фурсат, хотирнишон менамоям, ки нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии мо мебошад. Зеро савоби парастории волидайн ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони арҷманд ва фарзандони азиз!