Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

НОМАИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ифтитоҳи Намоишгоҳи таърихӣ-ҳуҷҷатии «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ»

 

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим матни номаи шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони намоишгоҳ қироат намуд.

Матни пурраи номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар зер меорем.

Дӯстони азиз!

Аз шодбошии иштирокдорони чорабинии тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи намоишгоҳи таърихӣ-ҳуҷҷатии «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ»-ро, ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» бахшида шудааст, самимона хушҳолам.

Чорабинии мазкур яке аз далелҳои равшани риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Россия мебошад.

Муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ миёни ду мамлакат давраи санҷиширо паси сар кардаанд ва бо шарофати талошҳои халқҳоямон ба мо муяссар шуд робитаҳои боэътимодро, ки бар шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтаанд, ба роҳ монем.

Имрӯз ҳамкории Тоҷикистон ва Россия тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатҳоямонро фаро мегирад. Бо хушҳолӣ зикр менамоям, ки тайи ин ҳама солҳо тамоюли рушди мунтазами муносиботи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва илмию гуманитарӣ бетағйир боқӣ мемонад.

Мутмаинам, намоишгоҳи мазкур, ки барои возеҳ нишон додани талошҳои муштаракамон оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳамгироии мутақобила равона гардидааст, ба ташрифоварони он дар бораи дастовардҳо дар ин самт таассуроти зиёди мусбат мебахшад.

Мехоҳам ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ ва ба онҳо муваффақияту комёбӣ таманно намоям.

                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон