Сомонаи пешина | Яш, 18 Ноябр 2018 | 05:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

Нимаи дуюми рӯзи 11 сентябри соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.

Меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилоят, ноҳия, аҳли санъату фарҳанг ва фаъолон бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз ва меҳру садоқати беандоза истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарии омоданамудаи сокинони ноҳияи Дарвозро, ки фарогири арзишҳои миллӣ буд, тамошо намуда, ба ҳунару истеъдоди сокинони ин минтақаи кӯҳистони мамлакат баҳои баланд доданд.

Дар маркази ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шуда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо фарогии 110 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 7 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф, ки ба муносибати ифтитоҳи ин иншооти нав ҷамъ омада буданд, оид ба рушди соҳаи маориф, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти ин бахши пешбарандаи ҷомеа ва дастгирии аҳли зиё сухан гуфта, аз омӯзгорон беҳтар кардани сифати таълиму тарбияро талаб намуданд.

АМИТ «Ховар»