Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 03:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

 

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркманистон ва масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъоли роҳбари ин кишвари дӯстро дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нишонаи возеҳи дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо маънидод карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ оид ба мавқеъи ҳамсони кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир андешаронӣ карданд.

Аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои робитаҳо, татбиқи санадҳои қаблан қабулшуда, рушди шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноати сабук, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш таъсиси намояндагии тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар»