Сомонаи пешина | Ҷм, 23 Август 2019 | 06:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

  Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли кормандони дастгоҳи марказии вазорат ба мухассиси пешбари шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ Манижа Назарова нисбати марги бармаҳали модараш изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
09.07.2019 09:21 79

6 июли соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо унвони «Уфуқҳои дӯстӣ» ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи аксбардорони Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он беш аз 300 аксҳои наворбардори
08.07.2019 06:58 106

  Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳ санъатшиносон барои пайдо кардани чеҳраҳои нави ҳунару санъат аз миёни аҳолӣ ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон сафар карданд. Тавре аз Академияи илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, ба гурӯҳи мазкур ходими илмӣ Кароматулло Раҳимов,  Мурод Эшонқулов ва
08.07.2019 05:23 97

Ба Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ гурӯҳи зиёиён ва аҳли фарҳанг аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Зимни боздид аз осорхона гурӯҳи меҳмонон муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мавриди сӯҳбат қарор дода, тавсеаи инъикоси ҳаёти фарҳангӣ дар доираи муоширати шаҳрвандони ҳар ду кишвар ва тарғиби санъати мусиқии халқию
05.07.2019 10:18 105

4 июли соли 2019 дар шаҳри Нур-султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар Фестивали байналмилалии «Акси садои Осиё» сиркбози ҷавон ва бомаҳорати тоҷик Муҳаммад Шарифзода ҳунарнамоӣ кард, ки аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт. Фестивали мазкур аз 29 июн то 11 июли соли 2019 идома ёфта, дар он ҳунарпешаҳои сирк аз давлатҳои
05.07.2019 10:10 135

  Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Арбоби ҳунари Тоҷикистон, композитор Амирбек Мӯсоев нисбати даргузашти бародараш изҳори ҳамдардӣ намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
03.07.2019 10:17 123

2 июли соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ консерти овозхони шинохтаи Амрико Сюзан Уилямс ва консертмейстер ва навозандаи моҳири фортепиано Ҷеннифер Ҳимстра баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ оҳангҳои машҳур аз композиторони ватанӣ ва хориҷӣ ва сурудҳои ҷолиб иҷро шуда, қалби ҳаводорони савту наворо
03.07.2019 08:49 110

  4 июли соли 2019 соати 9:00 дар толори Иттифоқи рассомони Тоҷикистон бахшида ба Солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши корҳои дипломии хатмкунандагони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов баргузор мегардад. Хатмкунандагони муассисаи таълимӣ, ки дар риштаи мусаввирӣ, заргарӣ ва дизайн таҳсил карданд, маҳсули эҷоди худро ба маърази мухлисони
03.07.2019 08:44 96

  Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шоми дирӯз дар чойхонаи «Машрабия»- и меҳмонхонаи «Серена Душанбе» намоишгоҳи рассомии наққоши шинохтаи тоҷик, академик Зокир Собиров оғоз гардид. Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» асосгузори ду равияи фарҳангӣ-меъмории «Нурворизм» ва «Танворизм» Зокир Собиров гуфт, ки ҳадафи намоиш ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани
03.07.2019 02:46 115