Сомонаи пешина | Яш, 17 Ноябр 2019 | 20:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

6-7 апрели соли 2018 соати 10:00 дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар мавзуи «Китоб - равшангари дилҳо» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар рафти семинар мавзуҳои муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, лоиҳаи «Системаи
05.04.2018 06:27 347

4 апрели соли 2018 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва сардори муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Қурбон Ғуломзода барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳбудии вазъи китобхонаҳо ба якчанд китобхонаҳои шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз ҷумла, Вазири фарҳанг аз Китобхонаи муосири пойтахт, Китобхонаи давлатии
05.04.2018 06:25 306

  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: 1. Сармутахассиси шуъбаи аудити дохилӣ, таҳсилоти олии иқтисодӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош
05.04.2018 05:35 727

  2 апрели соли 2018 ҳунарпешаҳои тоҷик барои иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба Ҷопон сафар намуданд. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Токио ва Ткусубаи Ҷопон аллакай шуруъ шуда, то 7 апрел идома меёбад. Дар чорабинӣ гӯшаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои наврӯзӣ ва анъанаҳои миллии кишвар ташкил карда шудаанд. Дар барномаи
04.04.2018 05:51 353

30 марти соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» бахшида ба ҷашни Наврӯз, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии адабӣ-бадеӣ доир гардид. Дар ҷашн меҳмонон аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Хукумати ноҳияи Фирдавсӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон
03.04.2018 11:27 358

  Осорхонаи деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон бо ташаббуси ҳофиз, Арбоби маданияти Тоҷикистон Мусаввар Минаков соли 2008 таъсис дода шудааст, ки дар он суратҳои қадимиву одамони баруманди диёр, асбобҳои мухталифи мисиқӣ, кӯзаву лавозимоти қадимӣ, коркарди пашм, чӯб, палос, гилем ва расмҳои кашидаи рассомони номии Тоҷикистон, китобҳои тақдимшуда, либосҳои  қадимӣ, ҷӯробу курта, ашёҳои
03.04.2018 09:29 385

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи Директори рушди ҶДММ «Nextview Consulting» Д. Қуватова номаи сипос омад. Тавассути нома ҶДММ «Nextview Consulting» миннатдории хешро ба Вазири фарҳанг барои дастгирӣ намудани чорабинии идона, ки 17 марти соли ҷорӣ дар майдони 800-солагии Москва бахшида ба идҳои баҳорӣ ва рӯнамоии телефони нави
03.04.2018 09:04 384

  Аз 4 март то 1 апрели соли 2018 дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи сиркии Москва бо номи “Браво” манзури ҳаводорони санъати сиркӣ гардид. Ҳунарпешагони москвагӣ бо намоишҳои ҷолиби худ ба дили ҳаводорони тоҷик роҳ ёфтанд. Хусусан ҳунари гимнастҳову акробатҳо ва ҳайвонҳои гуногун ба мисли леопард, тимсоҳ, морҳои ҳархела, саг ва
02.04.2018 09:49 354

31 марти соли 2018 тамоми кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон анъанаи неки наврӯзӣ – баргузории шанбегиҳоро идома дода, дар саҳни ҳавлии бино ҳашар ташкил намуданд. Кормандон саҳни биноро рӯбучин карда, заминро нарм намуданд ва гулҳои рангоранг шинониданд.  Дар маҷмӯъ саҳни ҳавлии Вазорати фарҳангро наздики 800 дона гулҳои гуногун зеб доданд.
02.04.2018 09:49 322