Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

  Бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ аввалин шумораи варақаи тарғиботии «Фарҳанг ва ҳунар»-ро интишор намуд. Минбаъд варақаи тарғиботӣ моҳе як маротиба бо мақсади тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию худшиносии шаҳрвандон, инчунин хабардор гардонидани ҷомеа оид ба иқдом ва рӯйдодҳои нави фарҳангии ноҳия ба табъ
20.02.2018 08:47 289

Кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии рамзи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон медорад. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули озмуни мазкур аст.  Мақсади баргузории Озмун – эҷоди рамзи мувофиқу муосири 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо услуби баланди эҷодӣ мебошад,
19.02.2018 11:47 777

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода зимни баргузории маҳфили адабии «Мирзо Ғолиб ва саҳми ӯ дар адабиёти форсӣ» китоби тозанашри Ҷовид Холов «Таърихи адабиёти урду» рӯнамоӣ карда шуд. Дар маҳфил Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода,
19.02.2018 11:08 347

17-18 феврали соли 2018 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Рӯзҳои Ҷопон» баргузор гардид. Дар тантанаи ифтитоҳи чорабинӣ, ки рӯзи 17 феврал сурат гирифт, намояндагони сафоратҳо ва корпусҳои дипломатии муқими кишвар, намояндагони соҳаи фарҳангу илм ва дӯстдорони санъату фарҳанги Ҷопон иштирок доштанд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар
19.02.2018 05:40 337

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик ва таҷлили 140-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ», ки дар матбуоти даврӣ солҳои 2017 – 2018 нашр гардидааст, озмун эълон менамояд. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ
19.02.2018 04:40 505

Дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодии Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон‚ коргардон ва драматург Абдулҳафиз Қодиров маҳфили эҷодӣ баргузор гардид.  Дар ифтитоҳи маҳфил донишҷӯени курси 2-юми факултаи театр, кино ва телевизион ва шуъбаи рӯзноманигори телевизион ба саҳна баромада‚ аз ҳаёту
19.02.2018 03:45 352

  Дар шуъбаи иттилоотии Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб бахшида ба «Рӯзи компютерчиён» Озмуни хонандагон таҳти унвони «Омӯзиши технологияи муосир-талаби замон» ҷамъбаст гардид. Озмун аз ҷониби роҳбарияти муассисаи номбурда бо мақсади ҷалби ҷавонони имрӯза ба донишандӯзӣ, омӯхтани фанҳои дақиқ ва технологияи муосир ташкил гардида , дар се давр гузаронида
19.02.2018 03:41 412

  16 феврали соли 2018 дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Мирзо Ғолиб ва саҳми ӯ дар адабиёти форсӣ» маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки ба 149-солагии адиби форсигӯи Ҳинд Мирзо Асадуллохон Ғолиб бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги
16.02.2018 10:10 536

  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: 1. Сардори шуъбаи аудити дохилӣ, таҳсилоти олии иқтисодӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош
16.02.2018 04:57 806