Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 10:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар вилояти Суғд як зумра муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир мешаванд

 

Бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи мутахассисон «Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020» қабул гардида, дар доираи он як зумра муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир карда мешаванд. Дар робита ба ин  қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.

Тавре аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, Раёсати фарҳанги вилоят, Идораи сохтмони асосии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар вилоят 355 китобхона, 135 муассисаи клубӣ, 7 клуби сайёр, 94 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 16 осорхонаи шаҳриву ноҳиявӣ, 6 хона-музей, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 29 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли «Шашмақом», 1 гурӯҳи ҳаҷвӣ, 5 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли «Фалак», 1 ансамбли дойранавозон ва 1 ансамбли карнайнавозон фаъолият мекунанд.

 

АМИТ «Ховар»