Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 10:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти ҳисоботӣ дар Мактаби Атоев

17 майи соли 2018 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев консерти ҳисоботии ҷамъбасти соли хониши 2017- 2018 баргузор гардид, ки он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд.

Қабл аз оғози барномаи консертӣ меҳмонони чорабинӣ бо дастовардҳои эҷодии рассомони наврас, ки дар муассисаи мазкур таълим мегиранд, шинос шуданд. дар мусаввараҳои моҳирона иҷрошуда табиати нотакрори диёри мо инъикос гардида буданд.


Дар барномаи консертӣ оҳангҳои композиторони ватаниву хориҷӣ садо доданд. Хори умумии мактаб, ансамбли асбобҳои миллӣ, навозиши рубобу чанг ва ғижжаку дутор аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд. Хусусан мусиқии классики «Наврӯзи Аҷам», ки аз ҷониби гуруҳи танбӯрнавозон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов иҷро гардид, ба чорабинӣ ҳусни нотакрор зам намуд.