Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоми суруд дар Осорхонаи З. Шаҳидӣ

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ бахшида ба 104 солагии ёдбуди композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми суруди миллӣ» баргузор гардид.

Дар ташкили чорабинии мазкур ташкилоти ҷамъиятии "Пешрафт" ва хонандагони Мактаб интернати махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ ҳисса гузоштанд.

Дар маҳфил донишҷӯёни донишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таълимоти умумии пойтахт, намояндагии воситаҳои ахбори омма, сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва аҳли илму фарҳанг иштирок доштанд. 

Ҳадафи баргузории маҳфил ин ҷалби аҳли ҷомеа дар тарғиби суруди миллии касбӣ ва бо ин роҳ мусоидат кардан дар баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, ки наслҳои ояндасози миллат мебошанд, буд.