Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 09:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон тамошобинонро тасхир намуд

Шоми 16 май дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши «Беларус ва Беларусҳо» ва барномаи консертии бошукуҳ баргузор гардид.

Ҳаводорони санъати тасвирӣ ва дӯстдорони таърих тавонистанд, ки тавассути намоишгоҳ оид ба таърихи Беларус ва зиндагии мардуми он шинос шаванд.


Барномаи консертӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар оғоз гардид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба муносибатҳои фарҳангии Беларус ва Тоҷикистон, ки чандсолаҳо қабл шуруъ гардида буданд ҳарф зада, иброз дошт, ки Рӯзҳо оғози марҳилаи нави муносибатҳои дуҷониба ва густариши доираи ҳамкориҳо бо Беларус хоҳанд буд. «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Президенти Беларус Александр Лукашенко иброз дошт, ки Беларус барои мо шарики боэътимод ва дӯсти наздик буд, ҳаст ва мемонад», - гуфт Шамсиддин Орумбекзода.

Вазири фарҳанги Беларус Юрий Бондар ба мардуми тоҷик барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи самимӣ сипос гуфта, оид ба сиёсати фарҳангпарваронаи президентҳои ду кишвар ҳарф зад. «Ҳамкориҳои фарҳангӣ барои ба роҳ мондани муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ роҳи кӯтоҳтарин мебошанд. Мо умед дорем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон сурат гирифт, барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳанд кард»-гуфт Юрий Бондар.

Тавассути барномаи ҷолиби фарҳангӣ аҳли толор бо намунаи беҳтарини санъати анъанавӣ ва дастовардҳои муосири халқи Беларус, аз ҷумла рақсҳои миллӣ, сурудҳои эстрадӣ ва классикии ҳунарпешагони беларус шинос шуданд. Кафкӯбиҳои пурмавҷ ва нидоҳои пайдарпайи «браво» ва «офарин» далели он буданд, санъату ҳунари ҳунарпешагони беларус аҳли толорро тасхир намуд. Сурудҳои дилошӯб ва гӯшнавози Ҳунарпешагони шоистаи Беларус Виктор Громов ва Алена Ланская, рақсҳои мавзун ва дилнишини Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки» -и Ҷумҳурии Беларус муаррифгари беҳамтои санъати беларус ба мардуми тоҷик буданд. Суруди машҳури «Муҳаббат» ва оҳанги оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар иҷрои солистони оркестри Ансамбли Хорошки ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.