Сомонаи пешина | Чш, 20 Ноябр 2019 | 08:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти синфии Раҷабов Насимҷон

15 майи соли 2018, дар толори хурди Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти омӯзгори кафедраи созҳои миллӣ ва мутрибони анъанавӣ Раҷабов Насимҷон баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ донишҷӯёни муассиса аз эҷодиёти оҳангсозони ватаниву хориҷӣ иҷро карданд. 

Аз ҷумла донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми шуъбаи мутрибони анъанавӣ Сайидо Бобоев ва Абдуғаффор Гадоев оҳангеро аз эҷодиёти С. Билол, оҳанги Н. Шерматов дар иҷрои донишҷӯи курси 3 шуъбаи мутрибони анъанавӣ Довуд Ҳакимов, донишҷўи курси панҷуми шуъбаи созҳои миллӣ Сорбон Сайдамиров ва дигар донишҷӯён манзури аҳли толор намуданд.

Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон хеле хуб пазируфта шуд.