Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Беларус тамошобинони тоҷикро туҳфа интизор аст

16 майи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода меҳмонон ва рӯзноманигоронро бо ин падидаи гуворои фарҳангӣ шодбош гуфта, дар бораи доираи васеи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Беларус ва оид ба чорабиниҳое, ки чанд рӯз инҷониб дар доираи Рӯзҳо сурат мегиранд, маълумот дод. 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар зикр намуд, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. «Воқеан фарҳанг пайвандагари халқҳо мебошад. Боварии комил дорем, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани риштаҳои дӯстии ду кишвар ва муаррифии санъату фарҳанги ҳарду кишвар ҳиссаи арзанда мегузорад», — изҳори итминон намуд Вазири фарҳанги Беларус.

Ӯ инчунин қайд кард, ки Рӯзҳо маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко, инчунин бо кӯшишҳои вазоратҳои фарҳанги ҳарду давлат баргузор гардида истодаанд.
Зимни нишаст рӯзноманигорон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский иброз дошт, ки синамогарони беларус бо синамогарони тоҷик дар гузашта ҳамкориҳои зич дошта, тӯли ду рӯзи ҳузур дар Тоҷикистон нақшаҳои мушаххас барои оянда тартиб дода шудаанд.
Роҳбари ҳайати эҷодии Рӯзҳо, Раиси ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи «Хорошки» Александр Никита ба рӯзноманигорон дар бораи барномаи фарҳангӣ, ки шоми 16 май дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ манзури ҳаводорони санъат мегардад, маълумот дода, иброз дошт, ки тамошобинонро рақсҳои миллӣ, сурудҳои эстрадӣ ва классикӣ, инчунин чанд туҳфаи ҳайати эҷодии Рӯзҳо мунтазир аст, ки якеи онҳо суруди машҳури «Муҳаббат» дар иҷрои ҳунарпешаҳои беларусӣ мебошад.