Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Истиқболи меҳмонони Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Ваҳдат

15 майи соли 2018 иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги шаҳр аҳолии Ваҳдат бо роҳбарии раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтанд.

Ба ифтихори ташрифи меҳмонон намоиши ҷолиби ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида буд. Меҳмонони беларусӣ бо шавқ тоқиҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, пероҳани чакану адрас, ҷӯробҳои милливу сӯзаниву чодар ва сабаду табақҳоро тамошо карданд. Онҳо инчунин бо гулдухтарони шаҳри Ваҳдат зери оҳанги тоҷикӣ рақсиданд. 

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи бошукӯҳи ҳунарии ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид. 

Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода дар ифтитоҳи барномаи консертӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта дар бораи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ҳарф зад. 

Роҳбари ҳайати эҷодии Рӯзҳо, Раиси ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи «Хорошки» Александр Никита гуфт, ки аҳли гурӯҳ аз пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Ваҳдат ба ваҷд омаданд. 

Ӯ инчунин гуфт Рӯзҳои фарҳанг ба рушди боз ҳам устувории муносибаҳои фарҳангӣ мусоҳидат хоҳад кард. 

Аҳли толор ба барномаи ҷолиби ҳунарпешаҳои беларусӣ аҳсан хонданд. Рақсҳои ҷолибу миллии ансамбли «Хорошки», таронаҳои дилнавози ҳунарпешаҳои хизматнишондода Владимир Громов ва Алёна Ланская аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид. 

Суруди машҳури «Муҳаббат», ки армуғони меҳмонони беларусӣ ба аҳли толор буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.