Сомонаи пешина | Шб, 20 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии маҷаллаи нав

 

14 майи соли 2018 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани маҷаллаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» баргузор шуд, ки дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода иштирок намуд.

Дар оғози маҷалла иқтибоси мазкур аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: 
«Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.
 ... зарур аст, ки мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар сохтору мақомот боз ҳам пурзӯр гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.


Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд».

Маҷалла аз бобҳои гуногун иборат буда, дар он маълумоти муфассал оид ба таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ва амалисозии чораҳо оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, амалисозии чораҳои коҳиши талабот ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва дигар маълумоти дахлдор оварда шудааст.