Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон

14 майи соли 2018 дар Хонаи кино ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов оид ба ҳамкориҳои киностудияи «Беларусфилм» ва «Тоҷикфилм» дар гузашта ва дар бораи нақшаҳои оянда, инчунин дар бораи дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар ҳарф зад. 

Директори генералии «Киностудияи миллии Беларусфилм» Михаил Карачевский ба мардуми тоҷик барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд. Номбурда дар бораи мавҷудияти созишнома оид ба муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ҳарф зада, иброз дошт, ки минбаъд ҳамкориҳо бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбанд. 

Михаил Карачевский ҳозиринро бо фаъолияти «Киностудияи миллии Беларусфилм» шинос намуд: «Мо дар як сол 5- 6 филми ҳунарӣ, 10 - 15 филми анниматсионӣ ва 10-12 филми ҳуҷҷатӣ ба навор мегирем. Дар баробари ин мо кӯшиш мекунем, ки бо киностудияҳои шахсӣ рақобатпазир бошем», - гуфт директории генералии «Беларусфилм». 

Сипас ба аҳли нишаст филми «Нақш дар об» («Следы на воде»), ки ба 100-солагии Милитсияи Беларус бахщида шудааст, намоиш дода шуд. Филми мазкур соли 2017 бо супориши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ба навор гирифта шуда, дар бораи воқеаҳои солҳои баъди Ҷанги бузурги ватанӣ дар Беларус нақл мекунад.