Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Шашмақом

 

Шоми 12 майи соли 2018 дар амфитеатри Муассисаи давлатии «Боғи ирам» Рӯзи Шашмақом бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар чорабинӣ мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва дигарон иштирок доштанд.

Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид, ки дар он устодони санъату ҳунар, ҳунарпешагони ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, омӯзгорони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, ансамбли рақсии «Базморо», инчунин яккасарои Кумитаи телевизион ва радиои миллии Ҷумҳурии Озорбойҷон, Дорандаи Шоҳҷоизаи 5-ум Озмуни ҷумҳуриявии муғом ва Шоҳҷоизаи 6-ум Фестивал-озмуни муғом дар Озарбойҷон Алмахонум Аҳмадлӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Савту навои дилнавози «Шашмақом», ки дар фазои серун ва табиати нотакрори Боғи Ирам танинандоз мегардид, нафарони бисёрро ба амфитеатр ҷалб намуд. Сокинон тавонистанд, ки дар оғуши табиати зебо ва ҳавои муаттар аз суру два оҳанги ноби классикӣ баҳра баранд.