Сомонаи пешина | Шб, 20 Октябр 2018 | 12:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муколама дар мавзӯи «Мавқеи зан дар ҷомеаи Арабистони Саудӣ»

8 майи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муколама дар мавзӯи «Мавқеи зан дар ҷомеаи Арабистони Саудӣ» баргузор гардид.

Муколама дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 5 то 9 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, ташкил гардида дар он доктори илмҳои ҷомеашиносӣ ва маориф, профессори Донишгоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Фозия Албакр оид ба мавзӯи мазкур маъруза кард. 

Хонум Фозия Албакр оид ба зиндагии занон ва фаъолияти онҳо дар соҳаҳои гуногун маълумоти муфассал дода, дар бораи бонувони пешқадами Арабистони Саудӣ нақл кард.

«Агар 15 сол қабл бонувони мо танҳо дар соҳаи маориф ва тиб кор кунанд, имрӯз онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, дар бонку ширкатҳо ва тиҷорат дар баробари мардон фаъолият доранд. Имрӯз дар парлумони кишвари мо 20% занҳо ҳастанд»- иброз дошт хонум Фозия Албакр. 
Иштирокчиёни маҳфил, ки намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, олимон ва рӯзноманигорон буданд, ба суолҳои гуногуни худ оид ба баробарҳуқуқии зану мард дар Арабистони Саудӣ, мавҷудияти рӯзномаву маҷаллаҳо барои бонувон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар Арабистони Саудӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода ба профессор Фозия Албакр китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон»-ро тақдим намуд. 

Муколама хеле хотирмон ва шавқовар сурат гирифт.