Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи мусиқии ҳунармандони Арабистони Саудӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор

Субҳи 7 майи соли 2018 иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҳисор сафар намуданд.

Меҳмононро аҳолии меҳмоннавози шаҳри Ҳисор дар назди Қасри фарҳанги шаҳр бо карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд. 

Муовини раиси шаҳр Умеда Абдуллозода ва роҳбари гурӯҳи эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ал Умейр аҳли толорро ба барномаи мусиқӣ хайрамақдам гуфта, оид ба робитаҳои дӯстии ду кишвар ҳарф заданд.

«Воқеан фарҳанг пайвандагари халқхо мебошад. Боварии комил дорем, ки ин чорабинӣ барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани риштаҳои дӯстии ду кишварҳо ва муаррифии санъату фарҳанги ду кишвар ҳиссаи арзанда мегузорад»-иброз дошт Умеда Абдуллозода. 

Холид ал Умейр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос гуфта, иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳо маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва кӯшишҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ ва сафирони ду кишвар имконпазир гардидааст.

Сипас, ба аҳли толор гулчини барномаи мусиқии аҳли фарҳанги Арабистони Саудӣ, ки муаррифгари санъати манотиқи гуногуни ин кишвар буд, манзур гардид. Кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон гувоҳи он буд, ки барномаи консертӣ писанди онҳо гардид.