Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Идомаи Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар шаҳри Норак

6 майи соли 2018 иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳри Норак сафар намуданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифт. Гулдухтарони Норак бо забони тоҷикиву русӣ ва англисиву арабӣ дар бораи дӯстӣ ва фарҳанг шеърҳо хонданд.
Сипас, меҳмонон аз Нерӯгоҳи барқи обии Норак дидан намуда, аз табиати зебову нотакрор ва ҳавои серун баҳра бардоштанд.

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак мардуми зиёд барои тамошои барномаи консертии ҳунармандони Арабистони Саудӣ ҷамъ омада буданд.

Барномаи консертӣ бо суханони ифтитоҳии Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф ва Роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд оғоз гардид.

«Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар кишвари мо Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Боварии комил дорем, ки ин чорабинӣ барои мустаҳкамтар намудани дустии ду кишвар ва барои ҳамкориҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меоварад»- иброз дошт раиси шаҳри Норак.

Роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулазиз ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон изҳори сипос намуд, ки имконияти мазкурро барои муаррифии фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон фароҳам овардаанд. Номбурда аз муштаракоти фарҳангию забонии мардуми тоҷик ва араб ҳарф зада гуфт: «Мо ифтихор мекунем, ки байни давлатҳои арабзабон нахустин давлатем, ки дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги худро баргузор карда истодаем. Қабл аз ба Тоҷикистон омадан шунида будем, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Дирӯз ва имрӯз мо шоҳид шудем, ки ин кишвар дар ҳақиқат бо мардум ва аҳолии некӯи он биҳиштосо аст».

Сипас, ба аҳли толор барномаи мусиқии фолклории ҳунармандони Арабистони Саудӣ, ки муаррифгари санъати халқии тамоми минтақаҳои ин кишвар буд, манзур гардид.
Аҳли толор барномаи консертиро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва шавқу завқ истиқбол гирифтанд.