Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ Барномаи иҷроияи ҳамкориҳои фарҳангӣ ба имзо расид

Субҳи 6 майи соли 2018 дар меҳмонхонаи “Шератон” маросими ба имзо расидани Барномаи иҷроияи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доир гардид. Тибқи барнома тарафҳо минбаъд дар фестивалу муколамаҳои фарҳангии ҳарду кишвар иштирок намуда, мубодилаи таҷриба ва сафарҳои омӯзиширо дар соҳаи фарҳанг амалӣ мегардонанд.

Дар барнома инчунин баргузори Рӯзҳои фарҳанг ба таври мутақобил дар ду кишвар, мубодилаи дастаҳои мусиқию театрӣ, иштирок дар намоишгоҳи китоб, санъати тасвирӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ барои кӯдакон оварда шудааст.