Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Ғалаба

3 майи соли 2018 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов ба муносибати 73-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ маҳфили фарҳангӣ доир гардид. 
Ҳадафи баргузории чорабинӣ поси хотири иштирокчиён ва шаҳидони ҷанг, боз ҳам афзун намудани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва сайқал додани донишу ҳунар дар ниҳоди донишҷуён буд.

Дар чорабинӣ маъмурият, устодон ва доншҷӯёну хонандагони Литсейи назди Коллеҷи фарҳанг иштирок намуданд. Барномаи омодакардаи доншҷӯёну хонандагони Литсейи назди Коллеҷи фарҳанг иборат аз шеъру суруд, рақс ва саҳначаҳои тарбиявӣ буд, ки аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои бардавом пазироӣ гардид. 

 

Дар интиҳои маҳфил ҷонишини директори Коллеҷи фарҳанг Ҷаъфар Ҷаъфаров ҳозиринро ба муносибати солгарди Иди Ғалаба, ки ҳамасола дар тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 9 май ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфт. 

Миралӣ Воҳидов