Сомонаи пешина | Чш, 26 Сентябр 2018 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанг бо Сафири Олмон

 

2 майи соли 2018 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе Найтхарт Хёфер-Виссинг вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат Вазири фарҳанг ба ҷаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг, ки чанде қабл Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе таъин гардида буд, оид ба фаъолияти соҳаҳои асосии Вазорати фарҳанг маълумот дод. 

Ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Олмон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии зерсохтори вазорат, ташкили барномаҳо ва намоишҳои муштараки фарҳангӣ суҳбат намуданд. 

Ҷаноби Найтхарт Хёфер- Виссинг зикр намуд, ки табиати зебо ва манзараҳои нотакрори Тоҷикистон метавтонад таваҷҷӯҳи сайёҳони олмониро ба худ ҷалб намояд. Барои ин ташкили чорабиниҳои сайёхӣ дар ҳавзаи Роҳи бузурги Абрешим ба манфиати кор хоҳад буд. 

Мулоқот дар фазои дӯстона сурат гирифт.