Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯри дар Коллеҷи фарҳанг

 

1 майи соли 2018 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов вохӯрии муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Барнаули Федератсияи Россия Полекова Елен, муовини ректори Донишкадаи давлтии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Раҷабмад Амиров бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса доир гардид.

Дар оғоз Елена Полекова ба сухан баромада доир ба ихтисосҳои донишкада ва шароитҳои он ба ҳозирин мълумот дод ва аз донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг хоҳиш кард, ки нисбти омӯзиши илму ҳунар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд ва барои идомаи таҳсил Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Барнаули Федератсияи Россияро интихоб намоянд.

Директори Коллеҷи фарҳанг Оқилов Идрис дар бораи дирӯз ва имрӯзи муассисаи таълимӣ ба таври мушаххас маълумот пешниҳод кард. 

Дар охири ҷамъомад аз тарафи донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди Коллеҷи фарҳанг барномаи консертӣ пешкаши меҳмонону ҳозирин гардид.