Сомонаи пешина | Пш, 16 Август 2018 | 23:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти камеравӣ бахшида ба 15-солагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон

 

30 апрели соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ифтихори 15-солагии консерватория консерти камеравӣ баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ таҳти роҳбарии омӯзгорон донишҷӯён намунаҳои асарҳои машҳури А. Вивалди, И. С. Бах, В. А. Мотсарт, Ф. Телеман, К.М. Вебер, П. И. Чайковский, Л. Боккерини, Л.В. Бетховен, Э. Кронк, Ю. Чичков ва А. Мўсоевро манзури ҳаводорони санъати классикӣ намуданд.

Барномаи консертӣ таҳти роҳбарии бадеии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсент Нигина Обидова ва Лауреати озмуни байналмилалӣ Марҷона Ҳасанова таҳия гардид.