Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ду Шоҳҷоиза ба соҳаи табъу нашр ва диплом ба Вазорати фарҳанг

30 апрели соли 2018 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи супоридани ҷоиза ва дипломҳо ба иштирокчиёни Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018”, ки аз 25-ум то 28-уми апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва соҳаи табъу нашри кишвар иштирок доштанд. 

Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода иштирокчиён ва ғолибони намоишро табрик гуфт. Нависандаи шинохта Ато Ҳамдам, ки иштирокчии намоиши мазкури байналхалқӣ буд, аз таассуроташ нақл намуд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба ғолибон ва иштирокчиёни намоиш диплом ва шоҳҷоизаҳоро супорид.

Дар доираи Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” барои 5 номинатсия ва Шоҳҷоиза озмун баргузор гардида, аз байни 100 номгӯй адабиёте, ки ба озмун пешниҳод шуда буд, Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои омодасозӣ ва ҶДММ “Эр-Граф” барои чопи “Донишномаи кӯдакон ва наврасон” соҳиби 2 Шоҳҷоиза гардиданд. 

Дар номинатсияи “Беҳтарин китоби дарсӣ” китоби пешниҳоднамудаи ҶДММ “Ношир” (Осимова Б. ва Сангинова С. “Дастури таълими забони русӣ барои синфҳои 6-и мактабҳои тоҷикӣ”) ба Дипломи дараҷаи III, дар номинатсияи “Беҳтарин китоби кишваршиносӣ” албоми Муассисаи нашриявии “Ирфон” бо номи “Тоҷикистон” ба Дипломи дараҷаи II, дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” маҳсули заҳмати Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик дар 2 ҷилд” ба Дипломи дараҷаи I сазовор дониста шуданд.

Нависандаи тоҷик Ато Ҳамдам аз аҳли адаби ширкаткунанда дар намоиш ягона нафаре буд, ки барои китоби “Спитамен” сазовори Дипломи махсуси чорабинӣ гардид.

Ҳамчунин барои мусоидату муованат ҷиҳати ширкати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”, Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, Муассисаи нашриявии “Ирфон”, ҶДММ “Ношир” ва ҶДММ “Эр-граф” бо дипломи Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” қадрдонӣ гардиданд. 

Боиси зикр аст, ки соҳаи табъу нашри Тоҷикистонро дар Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” нависанда Ато Ҳамдам, роҳбари ҶДММ “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд Муҳсинҷон Исобоев ва роҳбари КДТС “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ намояндагӣ карданд. Номбурдагон таваҷҷуҳи хоса ва назари гарми меҳмонону мизбонони намоишгоҳро ба маҳсулоти чопии тоҷикон нақл намуда, иброз доштанд, ки намояндагони кишвари мо дар нишастҳои илмӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр ширкати фаъолона доштанд.

Дар маҷмӯъ аз иштирок дар Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” ноширони тоҷик бо 10 диплом ва 2 Шоҳҷоиза қадрдонӣ гардиданд, ки ин беҳтарин дастоварди онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад.