Сомонаи пешина | Шб, 26 Мая 2018 | 12:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дастоварди беназири ноширони тоҷик дар Намоиши 3-юми байналмилалии китоби «Евро-Осиё» “EURAZIAN BOOK FAIR–2018”!

Миллати шарафманди тоҷик аз қадим ба сухани китобатшуда арҷ мегузошт, онро баъди нон беҳтарин неъмат медонист, дар баландтарин ҷойи хона мемонд ва зери болишти тифлаш мениҳод. Ҳикмати чунин муомила бо китоб дар он таҷассум меёфт, ки ин миллати фарҳангӣ китобро на танҳо манбаи донишу роҳнамо ба сӯйи саодату хушбахтӣ медонист, балки бар ин ақида устувор буд, ки ӯ дорои неруи балогардонию муҳофизист ва умед мекард, ки бадин васила фарзандаш дар баробари донишманд ба воя расидан аз балоҳо низ эмин мемонад. Тоҷик бо китоб ҳамин гуна бархӯрд дошт, ки дар масири торих ба ҷаҳониён беҳтарин донишмандонро дод. Беҳтарин гуфтани мо ба хотири бартарихоҳӣ бар дигарон нест. Ин воқеияти таърихист ва ҳар фарди огоҳ, агар назари мунсифона бар масъалаи мавриди назар дошта бошад, бидун тардид, инро эътироф хоҳад кард. Ин мояи ифтихор ва сарбаландии мост. Имрӯз низ бурун аз кишвар аҳли хирад миллати фарҳангӣ ва аҳли китобу дониш будани тоҷиконро эътироф мекунаду қадрдонӣ менамояд.

Афзун бар нукоти боло мегӯем, ки китоб дорои неруи бузурге ҳам ҳаст, ки инсонҳоро ба ҳам биёрад, халқҳоро ба якдигар ошно созад, дӯстиву рафоқатро дар миёни онҳо бештар аз пештар бигардонад ва бадин васила барои тантанаи оромив осудагӣ дар замин хидмати мондагорро ба ҷо биёрад. Чанде қабл мо бори дигар бар ин назари худ эътимоди комил ҳосил кардем. Шурӯъ аз 25-ум то 28-уми апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” баргузор гардид. Барои се нафар намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон –устод Ато Ҳамдам (нависанда, ба намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагон), Муҳсинҷон Исобоев (роҳбари ҶДММ “Ношир”, шаҳри Хуҷанд) ва банда Сироҷиддин Икромӣ (роҳбари КДТС “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки ба ин маъракаи фарҳанги сатҳи байналмилалӣ даъват шуда будем, муяссар гардид, ки маҳсули дасти ноширони тоҷик (Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, Муассисаи нашриявии “Ирфон”, ҶДММ “Ношир” ва ҶДММ “Эр-граф”)-ро ба маърази тамошои ҷаҳониён гузорем. Дар ин чорабинӣ ба намояндагӣ аз 20 давлат наздик ба 150 нашриёт ширкат варзид. Мо субҳи рӯзи 25-уми апрел қабл аз маросими ифтитоҳи расмии Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” ғурфаи худро, ки дар қатори D, таҳти рақами 30 қарор дошт, бо китобҳои ноширони тоҷик, армуғонҳои муаррифи фарҳангу санъати миллатамон ва дирафши зебои давлати азизамон оройиш додем. Аз нахустин рӯз ғурфаи мо ҳамеша серодам буд. Одамони оддӣ не, дар баробари дӯстдорону ноширони китоб, ҳамчунин шоирону нависандагон ва олимони зиёд ба он ташриф меоварданд.

Суҳбати мо хеле самимӣ ва гарму монадгор сурат мегирифт. Ҳамсуҳбатони мо дар баробари назари гарми худ ба тоҷикону таъриху фарҳанги бешоиқаи ӯ ҳамчунин аз дӯстони даврони донишҷӯйӣ, замони хизмат дар сафи артиш, адибони гузаштаву имрӯзи тоҷик, ки барояшон дидорбинӣ бо онҳо муяссар будааст, бо муҳаббат ҳарф мезаданд. Ҷиҳати тавсеаи ҳамкории фарҳангию адабӣ ва нашри китобҳои муштарак бо намояндагони Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирқизистон, Ҷумҳурии Албаниё ва ғайра табодули афкор сурат гирифт. 

Дар шоми дӯстие, ки дар доираи Намоиши 3-юми китоби Евро-Осиё “Eurazian Book Fair–2018” сурат гирифт, нависандаи тоҷик, устод Ато Ҳамдам суханронӣ намуда, дар баробари сатҳи баланди намоиши китоб, муносиботи фарҳангии миёни тоҷикону қазоқҳо, ҳамчунин аз нахустширкати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ дар ин намоиш ва аз хидмати мондагори сарвари ду давлат– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳарф зада, оғози муносиботи навини Тоҷикистону Ӯзбекистонро падидаи тозаи таърихӣ маънидод кард.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин намоиш нишастҳои илмӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр сурат гирифт, ки намояндагони кишвари мо ширкати фаъолона доштанд. Афзун бар ин, дар намоиш барои 5 номинатсия ва Шоҳҷоиза баргузории озмун дар назар дошта шуда буд. Ба озмун наздик ба 100 китоб пешниҳод гардид. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз он дар ҳайати Тоғизбоев Нурасил Сейқозиевич (Сардори Раёсати умури ноширии Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон, раиси ҳайат), Одилов Миракбар Миркомилович (муовини роҳбари Хонаи эҷодӣ, нашриявӣ-полиграфии “Уқитивчи” оид ба масъалаҳои ноширӣ ва маркетингӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Кречетова Наталя Викторовна (Сардори Шуъбаи нашри китоб ва ҳамкории байниминтақавии Раёсати матбуоти Департаменти васоити ахбои омма ва таблиғи шаҳри Маскави Россия), Анна Мнакатсаян (намоянда аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арманистон), Нечай Александр Петрович (директори Нашриёти “Мактаби Олӣ” аз Ҷумҳурии Белорус) ва Сироҷиддин Икромӣ (директори КДТС “Китоб” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳайати корӣ мураттаб ёфт. Бо назари ягонаи доварони озмун наздик ба 20 номгӯй китоб, ки ба муқаррароти низомномаи озмун ва ба талаботи худи номинатсияҳои эъломшуда ҷавобгӯ набуданд, канор гузошта шуданд. Китобҳои дигари пешниҳодшуда, воқеан ҳам, ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи сифат хеле хуб буданд. Барои интихоби беҳтаринҳо баҳсу мунозараву мушкилиҳо пеш омад, вале билохира ҳайати кории озмун бо назардошти ҳамаи андешаҳо ба хулосаи ниҳоии худ расид. Маҳсули ноширони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт ва дар номинатсия “Беҳтарин китоби дарсӣ” китоби пешниҳоднамудаи ҶДММ “Ношир” (Осимова Б. ва Сангинова С. “Дастури таълими забони русӣ барои синфҳои 6-и мактабҳои тоҷикӣ”) ба Дипломи дараҷаи III, дар номинатсияи “Беҳтарин китоби кишваршиносӣ” албоми Муассисаи нашриявии “Ирфон” бо номи “Тоҷикистон” ба Дипломи дараҷаи II, дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” маҳсули заҳмати Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик дар 2 ҷилд” ба Дипломи дараҷаи I сазовор дониста шуданд. 

Бори аввал ноширони тоҷик – Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои омодасозӣ ва ҶДММ “Эр-Граф” барои чопи “Донишномаи кӯдакон ва наврасон” соҳиби 2 Шоҳҷоиза гардиданд. Нависандаи тоҷик устод Ато Ҳамдам аз аҳли адаби ширкаткунанда дар намоиш ягона нафаре буданд, ки барои китоби “Спитамен” сазовори Дипломи махсуси чорабинӣ гардид. Ҳамчунин барои мусоидат ҷиҳати ширкати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”, Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, Муассисаи нашриявии “Ирфон”, ҶДММ “Ношир” ва ҶДММ “Эр-граф” бо диплом қадрдонӣ гардиданд.

Ноширони тоҷик дар маҷмӯъ бо 10 диплом ва 2 Шоҳҷоиза ба ватан баргаштанд, ки ин беҳтарин дастоварди онҳо дар даврони соҳибистиқлолиамон дониста мешавад. 
Мо ин рӯйдоди фараҳбахши фарҳангиро ба кулли ноширони кишвар ва дӯстдорони китоб табрик мегӯем!

Сироҷиддин Икромӣ