Сомонаи пешина | Пш, 19 Июл 2018 | 01:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2018

 

ҲИСОБОТИ

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2018

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин давра бобати дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, “Шоми дўстӣ” дар заминаи таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду халқи дўст — тоҷику ўзбек, Иди байналмилалии Наврўз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ равона намуд.

Дар иртибот ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-992 аз 20.01.2018) вобаста ба татбиқи нишондодҳои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аҳли фарҳанг дар ҳайати гурўҳҳои корӣ мулоқоту вохўриҳоро бо фаъолон, занону ҷавонон, соҳибкорон, шаҳрвандон, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони мамлакат анҷом дода, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти кишвар мунтазам чорабиниҳои фарҳангӣ рўи кор оварда мешаванд.

 

I. СОҲАИ САНЪАТ

 

Муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои 25-солагии Артиши миллӣ, Иди Модарон, Рўзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, Иди Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Панҷакент ва дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2018 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор гардид.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2018 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо ҷалби беҳтарин ҳунарпешагон ва гурўҳҳои ҳунарии ду кишвари дўсту ҳамҷавор барномаи консертии “Шоми дўстӣ” бо шукўҳу шаҳомат баргузор гардид, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. Ин иқдоми наҷиб баҳри густариши равобити фарҳангии Тоҷикистону Ўзбекистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо мақсади баланд бардоштани рўҳияи шаҳрвандон ва ҳамчунин бобати дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ таҷлил кардани Иди Наврўзи байналмилалӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳо рўзҳои 21, 22 ва 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Дўстии халқҳо”, Боғи ба номи А.Мироненко ва Майдони 800-солагии Москва дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби беҳтарин овозхонон, гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ баргузор гардиданд.

Тибқи нақша аз 18 то 25 март дар тамоми муассисаҳои театрию консертӣ намоишномаҳо ва барномаҳои рангини консертӣ манзури шаҳрвандон гардонида шуданд.

Фаъолияти муассисаҳои театрӣ.

Падидаи фараҳбахши аҳли театрии кишвар ин дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъсисёбии Театри вилоятии лўхтаки “Афсона” мебошад.

Дар театрҳои касбии кишвар 14 асари нав саҳнавӣ гардид. Аз ин шумора 6 намоиш дар театрҳои пойтахт ва 8 намоиш дар театрҳои музофотӣ. Аз 14 асари наве, ки рўи саҳна омаданд, 7 асари драматургони тоҷик ва 7 асари муаллифони хориҷӣ мебошанд

Ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишҳои нав “Ҷашн”-и А.Чехов (тарҷумаи Ҷ.Қуддус) дар таҳияи Б.Қурбонзода ва “Обу оташ”-и Мансур Суруш (таҳияи Ш.Абдулқайсов) пешкаши тамошобинон гардонид. Дар маҷмўъ 63 спектакли театрро дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 10200 нафар мухлисони театр тамошо намуданд.

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дўстдорони санъати касбӣ намоиши бачагонаи “Буратино”-ро дар таҳияи С.Усмонов пешниҳод намуд. Ҳайати эҷодии Театр дар ин давра 39 намоиш ва барномаҳои ҳунариро манзури 9845 нафар тамошобинон гардонид.

Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский дар ин давра намоиши навро аз рўи асари Саид Аҳмад «Исёни арўсон» дар таҳияи Х.Мустафоев саҳнавӣ гардонид. Дар маҷмўъ театр 50 намоишномаро ба 5646 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт манзур намуд.

Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоиши тозаэҷодро аз рўи асари Меҳмон Бахтӣ — «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ»-ро дар таҳияи Ш.Халилов саҳнавӣ гардонид. Дар давраи ҳисоботӣ 36 намоиши театрро 7094 нафар мухлисони санъат тамошо кардаанд.

Кормандони Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ намоиши «Шоҳзодаи хурдакак»-и А. Сент-Экзюпериро дар таҳияи Ю.Москалевич ба саҳна гузоштанд. Дар ин давра театр 59 намоишро ба 10412 нафар мухлисони хурдсол пешкаш намуд.

Фаъолияти театрҳои музофотии кишвар дар давоми семоҳаи якум назаррас буд. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара дар ин давра намоишро аз рўи асари Ш.Солеҳ «Тахти Султон Маҳмуд» дар таҳияи Р.Одинаев саҳнавӣ кард.

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар омодагиҳоро барои ба саҳна гузоштани асари Ч.Айтматов “Арасот” дар таҳияи П.Раҷабов оғоз намуд.

Театри вилоятии лўхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар бо нахустнамоиши асари “Подоши амал”-и А.Абдураҳмонов мавсими театрии худро оғоз менамояд ва пешкаши тамошобинони хурдсол менамояд.

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб намоиши тозаэҷоди Ато Ҳамдам “Дар кўчаҳои қисмат”-ро дар таҳияи Р.Одинаев манзури тамошобинон гардонид.

Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ дар семоҳаи якум асари Дарио Фо “Тиҷорат”-ро дар таҳияи У.Хисравов рўи саҳна овард. Дар маҷмўъ, аҳли эҷоди театр 31 намоишро пешниҳоди 1803 тамошобин намуд.

Ҳайати эҷодии Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент фаъолона иштирок намуда, айни замон барои саҳнавӣ шудани асари Ҷ.Қуддус “Зани шаҳрӣ” дар таҳияи Н.Пояндаев ҷаҳд мекунанд.

Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоишномаи нави “Алинур”-и В.Мейерхолдро дар таҳияи Ш.Ҷўраев пешкаши тамошобин гардонид.

Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон намоишномаи нав — «Эй войи ҷавонӣ»-и Н.Шарипов ва Б.Холовро рўйи саҳна овард.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати эҷодии Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон намоишномаи “Эраҷпаҳлавон”-и Ш.Қиёмовро дар таҳияи Н.Аҳмедова пешниҳоди тамошобинон гардонид.

Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаи «Тоқисурхак»-и Е.Шварцро дар таҳияи Д.Шукурҷонзода ба саҳна гузошт. Дар ин давра, театр 35 намоишномаро ба 2581 тамошобин манзур намуданд.

Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен барои саҳнавӣ намудани намоишномаи “Ҳаммолии Азроил”-и У.Усмон дар таҳияи Т.Маликов омодагиҳоро оғоз намуданд.

Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт дар ин давра намоишномаи тозаэҷоди Ш.Ҷўраев “Дар ҷустуҷўи Бобои Барфӣ”-ро рўи саҳна овард.

Муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, пазироии меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили Иди Модарон дар Боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе 5 барномаи консертӣ, дар доираи таҷлили Наврўзи байналмилалӣ ва вазорату идораҳо 10 барномаи ҳунарӣ, пазироии меҳмонони олиқадр 10 барномаи фарҳангӣ ва дигар ҷашнҳои муҳими сиёсӣ 13 чорабинии фарҳангӣ, дар маҷмуъ 38 чорабинӣ баргузор гардиданд.

Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 43 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва 27 номераҳои нави рақсӣ эҷод ва пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.

Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 25-солагии Артиши Миллӣ, Иди Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Панҷакент бо барномаҳои консертӣ иштирок намуданд. Дар ин давра, аз ҷониби гурўҳҳои ҳунарии муассиса 28 барномаи консертӣ пешниҳоди ҳаводорони санъат гардонида шуд. Ин давра 16 сурудҳои дастаҷамъӣ ва 12 рақси нав таҳия шудааст.

Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар ҷашнҳои 25-солагии Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модарон, барномаи “Шоми дўстӣ”, Ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқадр, ҷамъулҷамъ дар 27 барномаҳои ҳунарӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳайати ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” дар Фестивали байналмилалии “Сураҷкунд мелла” дар Ҳиндустон ва ҳунарпешаи муассиса Зафар Абдуалимов дар чорабинии наврўзӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат варзиданд. Ҳамчунин ба ноҳияҳои Рўдакӣ, Қубодиён, Шаҳритуз ва шаҳрҳои Роғуну Норак ва Ҳисор сафарҳои ҳунарӣ анҷом доданд. Дар ин давра 15 асари нави мусиқӣ ва 9 рақс эҷод ва дар барномаҳои консертӣ иҷро гардиданд ва 8 барномаи ҳунариро ба 19836 тамошобинон манзур намудаанд.

Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 25-солагии Артиши миллӣ ва барномаи “Шоми дўстӣ” саҳми назаррас гузоштанд. Муассиса ҳамчунин дар ин давра дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модарон, Иди байналмилалии Наврўзии шаҳри Душанбе ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуд.

Муассиса дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон силсила барномаҳои фарҳангиро ташкил намуд.

Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои нақшавӣ фаъолона иштирок намуда, 7 асари нави мусиқиро пешниҳоди мардум карданд. Сафари ҳунарии ансамбл ба ноҳияҳои Ваҳдат, Рўдакӣ ва шаҳри Роғун бомуваффақият баргузор гардиданд.

Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 25-солагии Рўзи Артиши миллӣ, барномаи “Шоми дўстӣ”, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Бохтар ва дигар чорабиниҳо бо 8 рақси нав ва 5 суруду оҳанги нав баромад намуданд. Ансамбл тибқи нақша ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор сафари ҳунарӣ баргузор намуд.

Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон тибқи қарордод Сирки Ўзбекистонро даъват намуд, ки бо барномаи ҷолиб тўли як моҳ барои тамошобинони пойтахт ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамчунин бо мақсади тавсеаи робитаҳо моҳи март Сирки “Браво”-и Москва даъват гардид, ки барномаи ҳайати ҳунарӣ аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд.

Кормандони Маркази эҷодии «Илҳом» дар таҳияи барномаҳо бахшида ҷашни “Сада”, барномаи “Шоми дўстӣ” ва Иди байналмилалии Наврўз саҳм гузоштанд.

Ҳунармандони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модарон, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Кулчақанд лаззатбахши хони мо”, барномаҳои наврўзӣ ва таҷлили “Рўзи фарҳанг” ширкат намуданд.

 

II. СОҲАИ ФАРҲАНГ

 

Дар ин муддат лоиҳа дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” таҳия гардида, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Мероси фарҳанги ғайримоддӣ:

Ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таи давраи ҳисоботӣ дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 50 чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо рушди устувори ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.

21-27 январи соли равон дар Аморати Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос «Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон» доир шуд, ки дар он намояндагони воломақоми мақомоти давлатии АМА, сафирону намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва тоҷикони муқимиин кишвар иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, санъаткорону навозандагон ва раққосон аз Тоҷикистон ширкат намуда, бо пешниҳоди суруду рақсҳои марғуб хотири ҳамагонро шод гардониданд.

2-18 феврал дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Фестивали байналмилалии «Сураҷкунд Мела» доир гардид, ки дар он 5 нафар раққосон аз ансамбли «Ҷаҳоноро» ва 5 нафар ҳунармандони ҳунарҳои мардумии тоҷик ширкат намуданд.

 

Чорабиниҳои фарҳангӣ:

30 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Дўстии халқҳо» ҷашни “Сада” доир гардид, ки дар он зиёда аз 600 нафар ҳунармандони ҳунарҳои мардумӣ ва масъулини соҳаи кишоварзӣ иштирок карда, маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллиро ба намоиш ва фурўш гузоштанд.

Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати ҷашни Сада бо барномаҳои консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва фурўши ниҳолу маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва эҷодӣ доир гардиданд.

20 март дар миқёси ҷумҳурӣ Рўзи фарҳанг таҷлил карда шуд. Ба ин муносибат дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода маҷлиси тантанавӣ бо иштироки собиқадорону кормандони соҳа, бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои аҳли фарҳанг ва барномаи консертӣ доир гардид.

Фаъолияти китобдорӣ:

Кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар 88 чорабиниҳои гуногунмазмунро баргузор намуданд.

Дар ин муддат ба фонди китобхона 205 нусха китоб ба маблағи 2616 сомонӣ ворид гардид. Кормандони китобхона ба 6426 нафар хонанда хизмат расонида, ба онҳо 3327 нусха китоб дода шуд.

Фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ бо 1037 нусха китобу маҷаллаҳои тозанашр мукаммал гардида, теъдоди хонандагон ба 8918 нафар расид, ки ба онҳо 54203 нусха китоб манзур гардонида шудааст.

Ҳамзамон, дар Китобхонаи муосири пойтахт 450000 нусха адабиёти электронӣ мавриди истифодаи донишҷўёну тадқиқотгарон қарор дода шудаанд.

Бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирии шаҳри Хуҷанд 228 чорабиниҳои мухталиф бо иштироки 16314 нафар доир гардиданд.

Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А.Шукўҳӣ 3 вохўрӣ, 9 сўҳбат, 10 маҳфили адабӣ, 7 намоиши китобӣ, 4 субҳи адабӣ, 1 семинари омўзишӣ баргузор шуданд.

Ба китобхонаҳои ВМКБ 3817 китоби тозанашр ворид шуд, ки аз он 2787 ройгон мебошад.

Дар Китобхонаи вилоятии ба номи А.Рўдакии шаҳри Хоруғ мизи мудаввар дар мавзўи «Хизмат дар Артиш фарз аст», шаби адабӣ таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои Модар» ва шаби базми шеъру суруд «Баҳору наврўз манбаи илҳоми шоирон» баргузор гардид.

Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар таътили зимистона озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро доир намуда, намоиши китобии «Об барои рушди устувор», «Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Нашъамандӣ душмани ҷомеа», «Шараф ба Артиши Миллӣ»-ро ба намоиш гузошт.

Дар китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш.Шоҳин намоиши китобӣ таҳти унвони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллатанд», дар китобхонаи бачагона ва китобхона-филиалҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуъҳои «Ватандорӣ шараф аст» ва «Як каф дуои модар», дар ноҳияи Восеъ озмунҳои «Сабқати зеҳнӣ» ва «Китобхони беҳтарин» миёни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ ҷараён гирифтааст.

Дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чорабиниҳои гуногун доир шуданд, аз ҷумла дар китобхонаҳои шаҳри Ваҳдат конференсияҳои адабӣ таҳти унвони «Такягоҳи боэътимод», вохўрӣ бо наваскарон таҳти унвони «Ворисони арзанда», маҳфили адабӣ ва вохўрӣ бо занони пешқадам таҳти унвони «Занон такягоҳи ҷомеаи мутамаддин” ва «Модар азизтарин шахс барои фарзанд», конференсияи илмию таҳлилӣ таҳти унвони «Фархунда бод Наврўз!» доир гардиданд. Бо ташаббуси мудири китобхона Маҳмудов Саидаҳмад ва сокинони деҳоти дурдасти Хушон ҷамоати деҳоти Ромит китобхонаи №44 аз нав бунёд карда шудааст. Соли ҷорӣ китобхонаҳои шаҳри Ваҳдат ба 188 нусха рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ обуна гардида, нисбати соли гузашта 19 номгўй зиёд мебошад.

Фаъолияти муассисаҳои клубӣ:

Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар қисмҳои ҳарбӣ бо 9 барномаи консертӣ баромад намуда, дастаҳои ҳунарии назди Раёсат, ансамбли рақсии бачагонаи «Ғунчаҳои пойтахт» ва ансамбли «Меҳтариён» дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рўзи модар, Наврўз ва дигар маъракаҳо иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон», ансамбли «Эҳё» дар барномаи консертии “Шоми дўстӣ” бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев баромад намуданд.

Дар ноҳияи Роштқалъа озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Боз оҳанги тор меояд» гузаронида шуд.

Дар ноҳияи Ховалинг намоишномаи «Наврўзи ҳунар» бо саҳнаҳои «Ҳунармандон», намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва бо базми санъаткорон доир шуд.

Дар муассисаҳои клубии ноҳияи Темурмалик вохўрӣ таҳти унвони «Ақди никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои ногувори он аз нигоҳи тиб» баргузор карда шуд.

Кормандони Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат озмуни умумишаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Оилаи беҳтарин» гузаронида шуд.

Барномаи театрикунонидашудаи Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Нафаси тозаи Наврўз муборак бошад!» ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин, озмуни умумишаҳрии «Бозори ҳунар» доир гардид.

Ҳунармандони шаҳри Турсунзода дар қисмҳои ҳарбии №051059, 051061, 6592, 051063, 0104 воқеъ дар шаҳри Турсунзода барномаҳои консертӣ ташкил намуда, дар ҷамоати деҳоти “10-солагии Истиқлолият”тўйи хатнасури 30 нафар кўдакони аз оилаҳои ниёзмандро доир намуданд.

Барномаи консертии театрикунонидашуда бахшида ба иди Наврўзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ва Қалъаи бостонии Ҳисор дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир гардид.

Дар ноҳияи Файзобод озмуни ноҳиявии наттоқони ҷавон таҳти унвони «Сеҳри сухан», намоишномаи «Муҳаббати модар» бахшида ба Рўзи модар, озмуни ноҳиявии Маликаи наврўз, чорабинии идона бахшида ба Рўзи фарҳанг, намоиши театрикунонидашуда бахшида ба ҷашни «Сада» ва барномаи консертии ҳунармандони Филармонияи халқӣ бахшида ба Рўзи ҷанговарони байналмилал дар ҳудуди 9 ҷамоати шаҳраку деҳот баргузор гардиданд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби гуруҳи тарғиботии бахши фарҳанг оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоати деҳоти Нўшор, Ширинчашма, М.Шогадоев, Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Об вохўриҳо гузаронида шудааст.

Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ ҷашни “Наврўз–2018”-ро бо барномаи театрикунонидашудаи “Ҳумоюн бод Наврўзи ҷаҳонӣ!” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намуданд. Дар ин муддат дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ зиёда аз 30 номгўйи чорабинӣ доир гардида, дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор тамошобинон иштирок намуданд.

Фаъолияти осорхонаҳо:

Дар осорхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталиф доир гардиданд, аз ҷумла дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Спитамен конференсияи илмӣ–адабӣ таҳти унвони “Нигоҳи ҷавонон ба Паёми имсола”, дар Осорхонаҳои таърихӣ–кишваршиносии ноҳияҳои Шаҳристон ва Спитамен намоиши осорхонавӣ “Ҷашни Сада — мужда аз Наврўз”, “Сада мазҳари равшаноист”, дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан вохўрӣ таҳти унвони “Ишқи касб” бо ҳунарманди мардумӣ Эргаш Ғафуров (аҷубасоз), дар Осорхонаи таърихии вилоятӣ намоиши офаридаҳои рассоми шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Академияи мусаввирони Тоҷикистон Холиқ Давлатов, намоиши маҳсули эҷоди барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Шариф Ҳикматов бо номи “Баҳористони ҷонҳо”, конфронси илмӣ таҳти унвони “Эҳёи тамаддун бунёди оянда”, дар Осорхонаи таърихӣ–кишваршиносии ноҳияи Айнӣ таҳти унвони “Дасти ҳунару шукўҳи эъҷози ҳунар” намоиши нигораҳо аз Фонди осорхона ва барномаҳои адабӣ-фарҳангӣ, дар боғи марказии шаҳри Хоруғ намоиши нигораҳо, дар Хона–осорхонаи Шириншоҳ Шотемур вохўрӣ бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намоиши нигораҳои осорхонавӣ дар ноҳияи Шуғнон, чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз симу зар» бо иштироки ҳунарманд Фатҳиддинов Тешахон, рассом Ғуломов Хол, устои чубтарош Қосимов Ҳукматулло, дар осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” мизи мудаввар дар мавзўи “Ҷавонон —эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ”, дар осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ховалинг намоиши нигораҳои гаронбаҳо, дар осорхонаи таъриху кишваршиносии “Дўстии Халқҳо”-и шаҳри Норак мизи мудаввар, дар ноҳияи Кўшониён намоиши сайёр дар мавзўи “Ба таърихи гузаштаи худ арҷ мегузорем”, дар осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” мизи мудаввар зери унвони “Модар–сарчашмаи зиндагӣ!” доир гардида, ба Осорхонаи шаҳри Ваҳдат табақҳои зебои миллӣ бо маблағи 1450 сомонӣ ва тўҳфаҳо (сувенирҳо) ба маблағи 200 сомонӣ тақдим гардид. Дар рўзҳои чашнҳои таърихӣ намоиши нигораҳо ва саволу чавобҳо аз таърихи ниёгон гузаронида шуданд.

Фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳо:

Дар театри халқии ноҳияи Рўшон намоишномаҳои «Марҳабо» ва «Аскари қаторӣ» ба саҳна гузошта шуда, пешкаши тамошобинон гардид.

Ансамбли тарона ва рақси «Умед»-и ноҳияи Шуғнон дар ҷамоатҳои деҳот барномаҳои фарҳангии ҷолибро пешкаш намуданд.

Театри халқии шаҳри Ҳисор намоишномаи дупардагии «Ватан пайванд бар ҷони ману ту» ва композитсияи адабӣ-бадеии «Дасти дуои модар»-ро ба саҳна гузоштанд.

Театри халқии шаҳри Ваҳдат бо саҳнаҳои ҷолиб аз ҳаёти аскарону афсарон, ҳаёти занону духтарон ва намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Нафаси тозаи Наврўз муборак бошад!» дар назди сокинони шаҳр баромад намуданд. Бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти театр аз рўи асари Хурсандии Ҳоҷимурод «Номаи бостон» ва намоиши дупардагии «Ояндасозон» аз рўи асари Низомиддин Давлатзода дар таҳияи коргардон Салоҳиддин Шукуров корбарӣ намуда истодааст.

Фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ:

Дар вилояти Суғд 20 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд буда, аз ин миқдор 5 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ (шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2 адад, Истаравшан, Истиқлол, Зафаробод 1 ададӣ) аз фаъолият бозмонда, ҷиҳати ободонӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо корбарӣ шуда истодааст. Ба 15 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 46 000 гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию ҳамешасабз ба маблағи 122000 (як саду бисту ду ҳазор) сомонӣ харидорӣ ва шинонида шуданд. Барои ободонӣ ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба маблағи 104000 (яксаду чор ҳазор) сомонӣ ва ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Юсуф Вафои ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ харидорӣ карда шуд.

Бо дастгирии раиси шаҳри Ҳисор ва соҳибкорону сарпарастон дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шумораи атраксионҳои гуногуни фароғатӣ, чархофалаку арғунчакҳо бештар карда шуда, имрўз ба пуррагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Амфитеатри хуштарҳу замонавӣ дар ҳудуди боғ мавриди истифода қарор дорад. Дар боғи мазкур 60 адад дарахтони ороишӣ ва 330 гулҳои садбарг шинонида шудааст.

Дар ноҳияи Рўдакӣ боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд набуда, дар маркази шаҳраки Сомониён маркази фароғат ва дилхушии кўдакону наврасон «Баҳористон» бо 5 воҳиди корӣ фаъолият менамояд.

Ташкили студияи сабти овоз ва ҷудо гардидани воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.

Барои дар сатҳи баланд омода намудани суруду оҳангҳо дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар назди Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров ва Театри давлатии лўхтаки вилояти Суғд студияи сабти овоз таъсис дода шудааст. Аз ҳисоби воҳиди холии корӣ аз моҳи майи соли 2017 инҷониб дар назди Раёсати фарҳанг як нафар дар вазифаи нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ фаъолият карда истодааст.

Воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ танҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа таъсис дода шудааст.

 

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

 

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар семоҳаи якуми соли 2018 бо дарназардошти китобҳои дарсии нашрнамудаи ҶСШК “Матбуот” дар маҷмўъ 10 номгўй китоб, бо теъдоди 483641 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд.

Муассисаи нашриявии “Адиб” 6 номгўй китобро бо теъдоди 560 нусха ба табъ расонд. Аз ҷумла, китоби “Шашмақом”-и А.Абдурашидов бо теъдоди 600 нусха; китоби “Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд”-и Ч.Айтматов бо теъдоди 1000 нусха; ба ифтихори оғоз ёфтани Даҳсолаи байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ гардид, китоби “Мавқеи об дар табиат”-и Х.Муҳаббатов бо теъдоди 1000 нусха; китоби “Чойхонаи лаби ҷар”-и Т.Зулфиқоров бо теъдоди 1000 нусха; ба ифтихори ҷашни Сада, китоби “Гулхани сада” бо теъдоди 1000 нусха; ба муносибати 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ашўр Сафар китоби “Се тори ҳамнаво” бо теъдоди 1000 нусха интишор ёфтааст.

Муассисаи нашриявии «Адиб» ба корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи нақдӣ 47972,56 сомонӣ, ғайринақдӣ 66601,78 сомонӣ ва дар маҷмўъ 114574,34 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.

Муассисаи нашриявии «Ирфон» маводи зеринро ба нашр расонидааст: китобҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Независимость Таджикистана и возрождение нации» (бо забони русӣ) ҷилди 13 бо теъдоди 1200 нусха; ҷилдҳои 14-15 ҳамин китоб ва «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ҷилдҳои 16 ва 17 бо теъдоди 2000 нусха омодаи чоп мебошанд.

Дар ин муддат Муассисаи нашриявии «Ирфон» теъдоди 20 китобро ба маблағи 500 сомонӣ фурўхта даромад гирифтааст. Даромад аз ҳисоби додани тамғаи китобҳо, ки миқдори 46 адад аст, маблағи 4900 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин 399 адад китоб ба маблағи 17572 сомонӣ ба таври ройгон дода шудааст. Ҳоло дар анбори муассиса 45 номгўй, яъне 19289 адад китоб ба маблағи 665144 сомонӣ   мавҷуд аст.

Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ба ифтихори 140-солагии нависандаи маъруфи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар семоҳаи якуми соли 2018 чопи китобҳои “Мактаби кўҳна” бо теъдоди 5000 нусха, “Аҳмади Девбанд” бо теъдоди 5000 нусха, повести “Ятим” бо теъдоди 5000 нусха ва “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ бо теъдоди 1125 нусха ба роҳ монд, ки дар маҷмўъ бо теъдоди 16125 (шонздаҳ ҳазору яксаду бисту панҷ) нусха ба маблағи 120000 (яксаду бист ҳазор) сомонӣ таъмин гардид.

Муассиса ҷиҳати омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмиллалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” маҷмӯи мақолаҳоеро дар шакли китоб бо номи “Об мӯъҷизаи ҳаёт” омодаи чоп намудааст. Бақияи анбори китоб ба ҳолати 27 марти соли 2018 — 46 ҳазору 0,86 нусха китоб ба миқдори 394 ҳазору 723 сомониро ташкил медиҳад.

Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик” асосан ба тадвину таҳрир ва тасҳеҳи мақолаҳои ЭМТ ҷилди 7 (бо ҳарфҳои «И» ва «К» оғозшаванда), Донишномаи фарҳанги мардум ҷилди 3 (Наврўз), Донишномаи фарҳанги мардум ҷилди 4 (Таомҳои миллӣ) ва «Донишномаи донишноманигорони Тоҷикистон» машғул буд. Дар ин давра ҷилди якуми «Донишномаи донишмандони тоҷик дар ибтидои асри 21» бо сифати баланди полиграфӣ бо теъдоди 5000 нусха ба нашр расид. Китоби «Шоҳписари Хайём» (муаллиф Камол Насрулло) бо теъдоди 1000 нусха чоп шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар мавриди фурӯш ва харидории китоб ба раисону роҳбарони шаҳру навоҳию вилоятҳо ва ҳамзамон ҷиҳати таъсиси гӯшаҳои китобфурӯшӣ дар китобхонаҳо ба раёсатҳову бахшҳои фарҳанг дар маҷмӯъ 143 адад мактуби расмӣ ирсол намуд. Бо гузашти се моҳ аз оғози сол, то кунун танҳо аз ноҳияҳои Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, шаҳрҳои Сарбанд, Роғун, Бохтар, Хуҷанд, Ҷ.Балхӣ, Панҷакент, Истиқлол, Исфара, Китобхонаи шаҳри Кӯлоб номаи ҷавобӣ расид.

Аз ибтидои сол ба маблағи 3837 китоб фурӯхта шудааст, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад. Айни ҳол дар анбори китоб 131206 нусха китоб ба маблағи 1055226,50 сомонӣ маҳфуз аст.

Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК — Хонаи китоби Тоҷикистон” 28 нафар корманд дорад, ки аз инҳо 3 нафар кормандони техникӣ, 13 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 7 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 5 нафар бо маълумоти миёна, 1 нафар бо маълумоти миёнаи умумии соҳавӣ ва 5 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси ғайритахассусӣ фаъолият менамоянд.

Ба бойгонии муассиса зиёда аз 360 нусха китоб, 818 нусха рӯзнома, 70 нусха маҷалла ва 36 нусхаи фишурдаи [автореферати] рисолаҳои илмӣ ворид гардид, ки таҳлилу коркарди библиографии матни онҳо барои ворид намудан ба феҳристи ҷории давлатии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад. Кормандони муассиса ба зиёда аз 60 матбааву нашриётҳо, идораи маҷаллаву рўзномаҳо, донишкадаву донишгоҳҳо, мағоза ва дўконҳои фурўши китоб бо мақсади назорати фаъолият ва расонидани ёрии методӣ ташриф оварда, иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

ҶСК “Матбуот” 27006 сомонӣ маҳсулоти полиграфӣ истеҳсол намудаст. Дар ин давра 2 номгўй китобҳои дарсӣ ва Ҳисоботи Вазорати фарҳангро оид ба натиҷаҳои ҷамбасти фаъолият дар соли 2017-ро бо теъдоди умумии 24150 нусха ба чоп расондаст.

Фаъолияти маҷаллаву рӯзномаҳо. Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг — «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак» ва «Баҳори Аҷам», «Анбоз» дар муҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ нигаронида шуда буданд.

 

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

 

Соҳаи ҳуқуқи муаллиф фаъолияти худро бештар ба татбиқи қонуну қарорҳои соҳавӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои корӣ бо вазорату муассисаҳое, ки бо объектҳои ҳуқуқи муаллиф сару кор мегиранд, таҳияи маводҳои аҳдномаҳои байналмилалӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи соҳавӣ равона сохт.

Бо мақсади иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» аз 23 декабри соли 2014, №762 тасдиқ шудааст, маълумот таҳия намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод кард.

Вазорат бо мақсади дар амал татбиқ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон (13-14 июли соли 2017 дар ш. Боку) лоиҳаи “Протокол байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳуқуқи муаллифи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи қоида ва шартҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”-ро таҳия намуд ва барои баррасӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод кард.

Муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном ба шуъба пешниҳод карданд, аз ҷониби кормандон ва коршиносон баррасӣ гардид ва ба 4 муаллиф шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуд.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқи низомнома ва ўҳдадории соҳа аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд ба маблағи 33460,70 сомонӣ ҳаққи қалами муаллифон ҷамъ оварда шуд, ки аз он ба суратҳисоби шуъба 31400 сомонӣ ворид гардид ва ба муаллифон ба маблағи 11000 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шуд.

 

V. ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

 

Бо мақсади ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ва санъат, тақвияти базаи моддӣ-техникӣ ва илмию методии муассисаҳои таълимӣ, мукаммалгардонии шаклҳои тарбияи кадрҳо «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 29 ноябри соли 2017 таҳти №549 ба тасвиб расид.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамояд, ки аз ин миқдор бевосита дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият менамоянд.

Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 30 нафар барои фиристодан ба хориҷӣ кишвар номнавис шуда, аввалин имтиҳонро аз фанни забони русӣ супориданд. Натиҷаи имтиҳон дар аввали моҳи апрел маълум карда мешавад.

Бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модарон, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гаштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ дар ҷодаи санъати овозхонӣ ҳам ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Аз ҷумла, аз 11 январ соли 2018 то инҷониб донишҷўи курси якуми шуъбаи «Сурудхонии академӣ» Ғайбуллоева Меҳрона дар Озмуни байналмилалии телевизионии «Ту беҳтарин» («Ты Супер»), бо дархости ширкати телевизионии «Телекомпанияи НТВ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок намуда, даврҳои озмунро бомуваффақият гузашта, барои иштирок дар даври минбаъда ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.

Донишҷўи курси 4-уми шуъбаи «Сурудхонии анъанавӣ» Аловатов Чоршанбе ба даври финалии Озмуни телевизионии «Парвин», ки бо ташаббуси ширкати телевизионии «Баҳористон» баргузор гардид, роҳхат гирифта, яке аз ғолибони ин озмуни бонуфузи телевизионӣ гардид.

20 март дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода аввалин маротиба Рўзи фарҳанг ба таври тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гашт, ки дар он муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъати шаҳри Душанбе фаъолона ширкат намуданд.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 муассисаҳои таълимии соҳавӣ сессияи зимистонаро ҷамъбаст намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд. Азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар ин давра аз 86 то 93 фоизро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 ходимони илмии ПИТФИ корҳои зиёди илмиву тадқиқотиро ба анҷом расонида, кормандони илмии пажўҳишгоҳ 59 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 4 китоб, 46 мақолаи илмӣ ва 9 мақола ба сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд.

Дар баробари таҳқиқи самтҳои гуногуни ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва мероси фарҳанги миллӣ, инчунин дар ташкилу баргузории як қатор семинару мизи мудаввар ва конференсияҳои илмиву амалии зерин саҳми назаррас гузошта шуд:

            «Эҳёи ҷашни Сада ва аҳамияти таҷлили он», «Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ», «Наврўз – падидаи арзишманди фарҳанги миллӣ», бахшида ба Наврўзи байналмилалӣ ва «Рўзи фарҳанг».

Ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар 10 чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ходимони илмии ПИТФИ дар 18 мусоҳибаи телевизиону радиоҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои мубрами рўз ширкат намуданд.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 ходимони илмии ПИТФИ 59 маводи чопӣ, аз ҷумла 4 китоб, 46 мақолаи илмӣ ва публисистӣ, 9 мақола ба сомонаи интернетӣ ба табъ расонидаанд.

 

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

 

Вазорат дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ фаъолияташро дар заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироъа гардид, равона намуда, ба натиҷаҳои муносиб ноил гардидааст.

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо зиёиёни мамлакат қайдгардида дар шуъба Нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуда, тибқи он бори аввал дар давраи соҳибистиқлолии кишвар “Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода карда шуд, ки дастоварди бузурге дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангии кишвар ба шумор меравад.

Дар самти мукаммал намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ, вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” №42 аз 06.08.2001, пешниҳодҳои мушаххасро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.  

Ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб намудани ёдгориҳои моддии халқи тоҷик дар семоҳаи аввали соли 2018 дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи номинатсияи гузаргоҳи “Фарғона-Сирдарё-Тоҷикистон”-ро омода намуда, барои баррасӣ ба мақомоти ваколатдор оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд.      

Дар асоси мактубу дархост ва аризаи шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ 40 ташхисҳои тахассусӣ ва 1 ҷаласаи Комиссияи экспертизаи бадеиро тибқи дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани арзиши таърихию фарҳангии як адад осори санъати тасвирии боздоштшударо ба анҷом расониданд. Ҷиҳати пешгирии паҳн намудани маводи номатлуб ва қочоқи сарватҳои фарҳангӣ тибқи дархости мақомотҳои марбута 18 хулосаи ташхис ва маълумотнома пешниҳод карда шуд. Ҷиҳати таҳқиқ ва омўзиши ёдгориҳои бостонии кишвар, тибқи дархости Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бостоншиносони муассисаи болозикр барои омўзиш ва таҳияи харитаи бостоншиносии шаҳру ноҳияҳо, корҳои ҳафриётӣ ва бостоншиносӣ 2 адад иҷозатномаҳо — “Варақаи кушод” дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои зертобеи самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат корҳои зеринро ба анҷом расониданд.

Аз ҷониби муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ-«ТоҷикМДМЁ» тибқи ҳисоботи пешниҳод гардида (№16 аз 30.03.2018с.) дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи ангоравии Қалъаи Кўлоб таҳия гардида, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Инчунин, ҳуҷҷатҳои лозима барои иштирок дар озмуни барқарорнамоии ёдгории мазкур ба мақомоти марбута пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, лоиҳаи ангоравии ободонии ҳудуди Қасри Ҳоким ва девори муҳофизавии қисмати ғарбии Қалъаи Ҳисор таҳия ва барои тасдиқ ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Корҳои барқарорсозӣ дар Қасри ҳокими Ҳисор аз моҳи январи соли ҷорӣ идома дошта, 10 нафар коргарон ба корҳои пардозгарӣ фаъолият доранд. Дар муҳлати ҳисоботӣ дар иншооти мазкур ба маблағи 123 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.

Ҷиҳати идома додани корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ (марҳилаи сеюм) ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун пешниҳод гардидаанд.

Вобаста ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудудҳои муассиса 20 дарахти арча ва миқори зиёди гулҳои ороишӣ шинонда шудаанд.

Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор дар ҷумҳурӣ аввалин мамнуъгоҳи таърихию фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби муассиса феҳрист ва харитаи ёдгориҳои моддии шаҳри Ҳисор таҳия ва дар рўзномаи «Ҳисори Шодмон» нашр шуд. Ҳамчунин, хатсайри ёдгориҳои меъмории дар тавозуни муассиса қарордошта таҳия гардида, дар намои даромадгоҳи мамнуъгоҳ ба маърази меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Кормандони муассиса дар таҷлили ҷашну маросимҳои давлатӣ ва миллӣ иштироки фаъолона намуда, рўзҳои 19-20 январи соли 2018 дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Курси омўзишӣ байни кормандони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандон»-ро бо иштироки намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони шаҳри Ҳисор баргузор намуданд.

Ба муассиса 6537 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд. Вобаста ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди муассиса 6397 адад дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ шинонда шуда,ҷиҳати таъмини муассиса бо оби хоҷагидорӣ ҳавзи бетонӣ бо ғунҷоишӣ 70м3 сохта ба истифода дода шуд.

Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» самаранок фаъолият намуда, таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллии «Сада», «Рўзи Модарон», «Наврўз»-ро дар сатҳи муносиб ба анҷом расониданд.  

Ҷиҳати тарғиби таъриху фарҳанги миллати тоҷик кормандони муассиса Озмуни «Эҳёи ҳунарҳои мардуми Хатлон»-ро бо иштироки васеи меҳмонон, сайёҳон ва шаҳрвандони дохилӣ, инчунин кормандони васоити ахбори омма бомуваффақият барпо намуданд, ки писанди иштирокчиён ва тамошобинон гардид.

Ба муассиса 2237 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд. Вобаста ба корҳои ободонӣ, сарсабзу хуррам ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди гулгашти муассиса 202 адад дарахту буттаҳо, инчунин 2125 адад гулҳои ороишӣ шинонда шуд.Ҳамчунин, ба муассисаҳои ҳудуди ноҳия зиёда аз 500 ниҳоли гулҳои садбарг, ки дар гармхонаи мамнуъгоҳ пар вариш ёфтаанд ба таври ройгон такдим карда шуд.

Маъмурияти маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳои адабию фарҳангиро баргузор намуданд. Аз ҷумла, вобаста ба рўзи Артиши Миллӣ, Рўзи Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз базмҳои шеъру тарона, конференсияи илмию адабӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуданд. Дар доираи таҷлили навбатии ҷашни Наврўзи фархундапай як маҳфили бонуфуз таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврўз аст» баргузор карда шуд. Ҳамчунин ба шарафи Наврўзи ҷаҳонӣ бо иштироки мардуми маҳал мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши ҳунару дастовардҳои мардумӣ баргузор гардиданд. Ғолибони мусобиқаву озмунҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса бо туҳфаҳои молию хотиротӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 68 нусха китобҳои тозанашр бо арзиши умумии 2877 сомонӣ харидорӣ карда шуд. Ба фонди китобхона аз ҳисоби туҳфаи муаллифон ва шахсони алоҳида 22 адад китобҳои тозанашр ворид гардида, ҳудуди муассиса бо шиору овезаҳои нав оро дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 239 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд, ки нисбат ба соли 2017 як маротиб зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди муассиса 122 адад ниҳоли мевадиҳанда ва гулҳои ороишӣ шинонда шудааст.

Кормандони Муассисаи давлатии осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара 31 сайрҳои осорхонавӣ барпо намуда, таҷлили ҷашнҳои миллию давлатиро дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтанд. Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маъмурияти муассиса рўзи 16.03.2018. озмуни минтақавии «Беҳтарин ҳунарманди мардумӣ»-ро бо ҷалби ҳунармандони моҳири минтақа баргузор намуда, дар маросими тантанавӣ ба иштирокчиён ва ғолибон ҷоизаҳои таъаъсисгардидаро супориданд.

Вобаста ба корҳои ободкорӣ ва кабудизоркунии ҳудуди иншооти дар тавозуни муассиса қарордошта 1290 адад дарахту буттаҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.

Муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ” эҳё ва рушди анъанаю сунатҳои миллӣ, дастовардҳои замони истиқлолро роҳандозӣ намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Шумораи умумии нигораҳои муассиса ба 1868 адад расонида шудаст, ки аз ин миқдор 1368 адади он нигораҳои асосӣ ва 500 адади дигар нигораҳои ёрирасон мебошанд. Масоҳати умумии толорҳои асосии осорхона 540 м2 ташкил медиҳанд.  

Дар ҳамкорӣ бо кормандони институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон 37-адад нигораҳои харидорӣ карда шуданд. Кормандони осорхона ба 170 нафар тамошобинон 20 сайрҳои осорхонавӣ баргузор намуданд.

Ҷиҳати корҳои ободонӣ дар ҳудуди осорхона 50-дона дарахти ҳосилдиҳанда, 200-адад дарахтони сояафкан ва гулбуттаҳо шинонида шуданд.

 

VII. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Вазорати фарҳанг дар семоҳаи аввали соли 2018 мувофиқи нақшаи корӣ дар амри густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Бо дарназардошти баргузор намудани Рўзҳои фарҳанг дар соли 2018 таърихи мушаххаси Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳри Шориқаи Аморати Муттаҳидаи Араб инчунин, Рўзҳои фарҳанги Давлати Қатар ва Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон зимни иҷозату ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд.

Дар ин давра мутахассисон дар ҷаласаҳои гуруҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Беларус иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид карда шуданд.

Барои таҳким додани муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷи кишвар 12 нафар ҳунармандон дар Фестивали 32-уми байналмилалии “Сураҷкун мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фиридободи Ҳиндустон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Фаронса ва Беларус баргузор гардид, ки дар он густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафҳо, махсусан табодули Рўзҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Таи ин давра лоиҳаҳои санадҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси муштараки Марказҳои фарҳангӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва лоиҳаи Барномаи ҳамкории фарҳангӣ барои солҳои 2018-2020 байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия таҳия гардида, барои мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гаштаанд.

Ҳамчунин ҳайати ҳунарпешагони ансамбли давлатии “Ҷаҳоноро” ҷиҳати таҷлили Иди байналмилалии Наврўзи оламафрўз тибқи даъвати Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Вазорати фарҳанги Туркманистон ба шаҳри Ашқобод рўзҳои 18-23 марти соли ҷорӣ сафари ҳунарӣ анҷом доданд.

 

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ

 

Вазорат фаъолияти кадрӣ ва корҳои махсусро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.12 2006, №604, Низомномаи шуъба, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, фармоишҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Айни ҳол, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат 5 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ чораҳо андешида мешаванд.

Ҳамзамон, бобати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадркои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 2 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат гузаронида шуд, ки аз ин 5 нафар довталабон чиҳати фаъолияти минбаъда ба кор қабул карда шуданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирхо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашни Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кормандони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

 

IX. СОХТМОНҲОИ АСОСӢ

 

Оид ба сохтмони асосӣ.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №587 аз 29.12.2017 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи зикргардида, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардиданд: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод — 1,1 млн. сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав — 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ — 440 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда — 60 ҳазор сомонӣ. Номгўи иншоотҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дархостҳои тендерӣ барои муайян намудани пудратчиёни сохтмони иншоотҳои зикргардида ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, айни замон озмуни интихоби пудратчии сохтмони Қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои Нуробод ва Шаҳринав гузаронида шудааст. Барои оғози корҳои сохтмони дар Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод маблағи 48,4 ҳазор сомонӣ пешпардохт гардид.

Ҳоло ҳуҷҷатҳои маблағгузорӣ барои пешпардохти корҳои сохтмонӣ дар иншооти Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав омода шуда истодаанд.

Ҳамчунин, рўзҳои наздик тендери иншооти Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ низ гузаронида мешавад.

Сабаби суст будани маблағгузорӣ — нарасидани маблағ дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои семоҳаи якум мебошад.

Корҳои таъмиру сохтмонӣ.

Соли ҷорӣ, бинобар сабаби таъсири бўҳрони молиявии беруна, дар аксарияти муассисаҳои тобеъ маблағгузориашон барои корҳои таъмирӣ қатъ гардидааст. Танҳо ба баъзе муассисаҳои таълимӣ маблағ пешбинӣ шудаасту халос, корҳо ҳоло оғоз нашудаанд.

Вазорат барои омода намудани лоиҳаи сохтмони майдончаи варзишӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе шартнома баста, лоиҳаро дастрас намуд. Айни замон Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони тобеъ корҳоро оғоз карда, қисми пойдеворҳои гирду атрофи майдонҷа ва васли сутунҳоро ба анҷом расонид.

Дар се моҳи аввал меҳмонхонаи «Фарҳанг» аз ҳисоби қабули мизоҷон маблағи муайянеро даромад кардааст. Маблағи зикргардида барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, музди меҳнати кормандон ва харидани амволи зарурӣ хароҷот шудааст. Инчунин, кормандони меҳмонхона шанбегиҳо гузаронида, якчанд дарахтҳои сояафкан, миқдори зиёди гулҳои ҳархела шинонидаанд ва ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирди атрофи бино машғул буданд.

Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» дар ҳамин давра 96 адад асбобҳои мусиқӣ истеҳсол намудааст. Вазорат дар доираи маблағгузориаш аз корхонаи мазкурӢӢба якчанд ташкилотҳо ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон як ҷузви асбобҳои мусиқии миллиро ҷудо намуда буд.

Муассисаи давлатии «Минтақаи истироҳатии «Шарифобод» моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ бинобар қатъ гардидани барқ фаъолият надошт.

Оид ба зимистонгузаронӣ. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» вазорат то ин давра корҳои муайянеро анҷом дода буд.

Мутаассифона масъалаи пайваст намудани театрҳои давлатии ба номи А.Лоҳутӣ, М.Воҳидов, Лўхтак, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва баъзе муассисаҳои дигари тобеъ ба шабакаи гармидиҳии марказии шаҳр соли гузашта ҳалли худро наёфта буд. Чунки барои омода намудани системаҳои гармидиҳии марказии онҳо маблағи зиёде лозим мебошад. Вале, соли гузашта бинобар сабаби таъсири омилҳои беруна ба вазъи иқтисодиву молиявии ҷумҳурӣ ҳамаи маблағҳои барои гузаронидани корҳои таъмиру сохтмонӣ пешбинишуда дар муассисаҳои тобеъ ихтисор шуда буданд.

Бинобар ин вазорат якҷоя бо муассисаҳои тобеъ чораҳои зарурӣ меандешад, ки масъалаҳои пайваст шудан ба шабакаи гармидиҳии марказӣ соли 2018 ҳалли худро ёбад.

 

 

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ

 

Бо мақсади назорати ҷараёни хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, истифодабарии мақсаднок ва самараноки онҳо дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаву ташкилотҳои буҷетии системаи вазорат дар давраи ҳисоботӣ дар 4 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар ду муассисаи театрӣ, як муассисаи нашриявӣ, ва як муассисаи таълимӣ, вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузарониданд.

Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар ҳаҷми 43936,59 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо, бақияи маблағҳои буҷетии хароҷот нагардида, зиёд пардохти сафари хизматй ва ва дигар хародотдои гайридонунй ташкил намуд.

Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони масъули моддӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

 

XI.КЎМАКҲО

 

Дар иртибот ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№АП-983аз 29 декабри соли 2017) ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки ба суратҳисоби Мактаб-интернати № 1 ноҳияи Лахш, ки сарпарастии он ба зиммаи Вазорати фарҳанг вогузор гардидааст, ба маблағи умумии 3000,0 сомонӣ барои харидории маводҳои зарурӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Бо мақсади ҳифзи тақвияти иҷтимоии собиқадорони соҳа ва оилаҳои камбизоат дар арафаи ҷашнҳои аз ҷониби вазорат ба собиқадорони соҳа ба маблағи 2500 сомонӣ ба ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат ба маблағи 861,0 сомонӣ ва   ба кормандони дастгоҳи марказӣ ба маблағи 2400,0 сомонӣ яъне дар маҷмўъ 8761,0 сомонӣ кўмакҳои мақсаднок расонида шудааст.

 

XII. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ

 

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат дар семоҳаи аввали соли 2018 — =SUM(ABOVE) 14718,5 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла, ба соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт — 779,6 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ — 5796,0 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат — 7481,4 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ — 419,4 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ — 242,0 ҳазор сомонӣ.

Чуноне, ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷроиши ҳақиқии буҷет дар семоҳаи аввали соли 2017 — 13206,0 ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 77,1%-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт — 804,1   сомонӣ ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ — 4656,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 70,0%, ба соҳаи санъат ва фарҳанг — 7330,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84%, дастгоҳи марказӣ — 371,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 82,9%, барои сохтмони асосӣ — 44 ҳазор сомонӣ ё ин ки 8,3% маблағгузорӣ шуда буд. Дар семоҳаи аввали соли 2017 — 3918,3 ҳазор сомонӣ ҷудо нагардида буд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ — 12119,6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 82,3%-и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт — 779,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ — 4746,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 81,9%, соҳаи фарҳанг ва санъат — 6335,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,7%, дастгоҳи марказӣ — 258,0 ҳазор сомонӣ ё ин ки 61,5% ҷудо гардидааст.

Буҷети Вазорати фарҳанг дар семоҳаи аввали соли 2018

ва иҷроиши он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017

Соҳаҳо

Нақша

Ҳақиқӣ

Таносуби иҷро

Тасдиқ шуда

Иҷрошуда

Маблағи   истифоданашуда

%

2017

2018

2017

2018

2017

2018

2017

2018

1

2

3

4

5

Матбуоти

даврӣ ва

нашриёт

804,1

779,7

804,1

779,7

0

0

100

100

Муассисаҳои таълимӣ

6641,2

5796,0

4656,2

4746,5

1985,0

1049,5

70,0

81,9

Муассисаҳои     фарҳанг ва санъат

8702,6

7 481,4

7330,2

6335,4

1372,4

1146,0

84,0

84,7

Дастгоҳи   марказӣ

448,2

419,4

371,5

258,0

76,9

161,4

82,9

61,5

Сохтмони асосӣ

528,0

242,0

44,0

0

484,0

242,0

8,3

 

Ҳамагӣ

=SUM(ABOVE) 17124,1

=SUM(ABOVE) 14 718,5

=SUM(ABOVE) 13206,0

=SUM(ABOVE) =SUM(ABOVE) 12119,6

3918,3

=SUM(ABOVE) 2598,9

77,1

82,3

      

Умуман, дар миқёси вазорат дар семоҳаи аввали соли 2018 ҳамагӣ     2598,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда нашудааст, ки қисман аз чунин моддаҳо иборат мебошад: харидории таҷҳизот, таъмир ва ғайраҳо.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 — 9 номгўи китобҳо ба теъдоди умумии 7,4 ҳазор нусха чоп шуда, маблағи фурўши китобҳо 144,3 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ 14 шумора маҷалла бо теъдоди 6300 ва 13 шумора рўзнома бо теъдоди 36550 чоп гардида, маблағи умумии ба фурўш рафтаи онҳо 93,1 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Шумораи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар семоҳаи аввали соли 2018 — 80,1% иҷро шудааст (мувофиқи нақша — 403 адад ҳақиқӣ — 323 адад), шумораи тамошобинон — 69,6% (мувофиқи нақша — 110,9 ҳазор нафар, ҳақиқӣ — 77,2 ҳазор нафар), даромад аз фурўши чипта — 33,8% (нақша — 1355,7 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ — 458,5 ҳазор сомонӣ) ташкил намуданд.

Ҳамзамон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории солона, ҳармоҳаи меҳнат, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг дар соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021, инчунин дурнамои андозҳо барои давраи миёнамуҳлат ба мақомотҳотҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

 

XIII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 1318 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 324 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 4 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад фармон, 2 фармоиш, 4 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 295 адад ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Аз 324 санад — 81 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 135 адади он иҷро гардида, 102-тоаш мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 79 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 53 адади он иҷро, 26 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 5 адад иҷро гардида, 5 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ин миқдор 6 ариза такроран ворид гардидааст. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 41 нафар қабул гардиданд, 21 адад муроҷиати шаҳрвандон иҷро гардида, 20 адади он мавриди иҷро ва назорат қарор дорад.

Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 994 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 307 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 241 адади он иҷро гардида, 410 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 851 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 157 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 694 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 адад фармон, 16 адад шартнома ва 60 адад фармоиш ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.

 

МУШКИЛОТИ СОҲА ва ПЕШНИҲОДОТ:

 

САНЪАТ:

— бо вуҷуди андешидани чораҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва роҳбарияти муассисаҳо норасоии кадрҳои баландихтисос, аз қабили коргардонҳо, ҳунарпешагони касбӣ, равшанидиҳандагон, пардозгарон, мутрибон, коргардонҳои овоз ва ғайра дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба назар мерасад;

— техникаи саҳна дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ аз қабили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна ва воситаҳои нақлиётӣ дар аксари муассисаҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгўй нестанд;

            — бо манзили зист ва хобгоҳ таъмин набудани мутахассисони ҷавон ва нокифоя будани музди меҳнати онҳо боиси тарк кардани соҳа гардида истодааст;

— маблағгузории нокифоя аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва хоса барои асарҳои нави таҳияшаванда ба муассисаҳои театрию консертӣ, ки дар натиҷа ба сатҳу сифати намоишҳо ва рушди минбаъдаи соҳаи санъати касбӣ таъсири манфӣ мерасонад;

— торафт зиёд гардидани шумораи чорабиниҳои фарҳангии ройгон аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, ки ба коҳиш ёфтани сатҳу сифати барномаҳо ва хароб гардидани базаи моддию техникии муассисаҳо оварда расонида истодааст.

 

ФАРҲАНГ:

— аксари биноҳои муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва тобеи ҷумҳурӣ таъмирталабанд;

— дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони кишвар норасоии нақлиёти хизматӣ, созҳои миллии мусиқӣ, таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, рафҳои китобмонӣ, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ба назар мерасанд;

— бахши фарҳанг, хонаи фарҳанги марказӣ, ансамбли эстрадии “Садои Шайдон”, ансамбли “Тарона ва рақс”–и ноҳияи Ашт, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии «Курушкада»-и ноҳияи Спитамен ба бинои алоҳида эҳтиёҷ доранд;

— муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ашт ба устоди рақс, хормейстер, актёри саҳна, омўзгорони фанҳои навозандагии дойра, пианино ва рубоб ниёз доранд;

— дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ масъалаи таъсиси мактаби бачагонаи мусиқӣ то ҳанўз ҳалли худро наёфтааст;

— квотаҳои Президентӣ барои донишкада, консерватория дар мувофиқа бо бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дода намешаванд;

— ба шабакаи интернет пайваст намудани ҳамаи муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақозои замон аст;

— дар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истифодабарандагони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ (маъюбон) тифлокабинетҳо таъсис гардонидан лозим аст;

— муассисаҳои фарҳангӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ бояд дошта бошанд;

— барои харидории адабиёти тозанашр, мизу курсӣ, рафҳои китобмонӣ, матбуоти даврӣ, созҳои мусиқӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва сарулибоси саҳнавӣ, арғунчаку чархофалакҳо ва дигар таҷҳизоти замонавӣ маблағи зарурӣ ҷудо гардад;

— дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби азнавтақсимкунии воҳидҳои кории мақомоти маҳаллӣ ҷудо гардад (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53 аз 9.02.2016);

— ҷиҳати бунёди китобхонаҳои электронӣ дар назди китобхонаҳои марказӣ чораҳо андешида шаванд;

— ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии кормандон бо ҷалби мутахассисони варзида семинарҳои омўзишӣ баргузор гарданд.

 

ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ:

— таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии суннатӣ, мукаммал гардонидани базаи илмӣ-техникии дар муассисаи ТоҷикМДМЁ;

— бинобар мавҷуд набудани бинои маъмурии Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор тасарруфи ҳудудҳои мамнуъгоҳ ба миён омадааст;

— омўзиши бостоншиносии ҳудудҳои шаҳристон, норасоии оби хоҷагидорӣ ҷиҳати обёрии гулгашти Қасри Шоҳони Хатлони Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук.

— бо пуррагӣ таҷдид намудани экспозитсияи Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара;

— тармими гумбази мақбари Устод Рўдакӣ, аз шафати мақбараи Устод Рўдакӣ берун баровардани обҳои табиӣ дар ҳудуди Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии «Панҷрўд»;

— қатъиян ҳифз намудани ҳудудҳо ва иншооти Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ, таъмини кормандон бо утоқҳои корӣ, таъсис ва муҷаҳҳаз намудани фонди муассиса.

 

СОҲАИ ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ:

— барои ба Консерваторияи миллӣ ҷалб намудани хатмкунандагони коллеҷҳои санъати шаҳрҳои Кўлобу Хуҷанд ва дигар мактабҳои мусиқӣ, аз ҳисоби донишҷӯёни беҳтарини консерватория гурӯҳҳои тарғиботии консертӣ созмон дода шавад;

            — барои муайян ва ҷалб намудани довталабони болаёқат аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ташкили гурўҳҳои корӣ оид ба раҳнамоии касбии хонандагон аз ҳисоби омӯзгорони кафедраҳои мутрибон ва сарояндагони анъанавӣ ба мувофиқи мақсад мебошад;

            — мунтазам гузаронидани вохӯриҳои мудирони кафедраҳои тахассусии консерватория бо хатмкунандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии дар ш.Душанбе амалкунанда ҳам аз манфиат холӣ намебошад;

            — ҷалби хатмкунандагони мактабҳои мусиқии бачагонаи ш.Душанбе ва маркази вилоятҳо ба курсҳои 2-солаи тайёрӣ низ яке аз роҳҳои омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи фарҳангу санъат мебошад. Баҳри иҷрои ин нақша пурзўр намудани робитаҳои дуҷониба бо мактабҳои мусиқии бачагона хеле зарур аст;

            — таҳлили фаъолияти пажўҳишгоҳ нишон дод, ки бо вуҷуди муваффақиятҳо ва иҷрои лоиҳаву барномаҳои зиёди соҳавӣ, дар кори кормандон ва ходимони илмии муассиса баъзе самтҳои фаъолияти илмию тадқиқотии аз мадди назари олимон дурмонда низ ба назар расиданд. Бояд қайд намуд, ки имрўз муассисаҳои таълимии соҳа ба дастгирии олимони соҳавӣ дар самти таҳияи маводи илмию методӣ, нақшаву барномаҳо ва монанди инҳо танқисӣ мекашанд. Аз ин рў, пажўҳишгоҳро зарур аст, ки барои бартараф намудани камбудиҳои дар самти фаъолияти таълимию методӣ ва илмии муассисаҳои таълимии зертобеъ ҷойдошта, фаъолияти худро ба таҳияи нақшаву барномаҳо, ба чоп омода намудани китобу дастурҳои методии муосири ҷавобгў ба талаботи имрўзаи соҳаи фарҳангу санъат, расомӣ ва дизайн, хореография ва суруду мусиқии анъанавию ҷаҳонӣ равона намуда, корҳои тадқиқотиро дар самтҳои соҳаҳои мазкур пурзўр намояд.